БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём меҳвари пешбаранда ва раҳнамои ҷомеа

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Дар меҳвари Паём масъалаҳои асосии зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як фарди ҷомеа қарор гирифтааст. Ҳаминтавр, Паём бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба пуррагӣ инъикос менамояд.

Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ба мардум аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияи миллии рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти камуникатсионӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ иборат аст. Ҷавҳари Паёми ҳарсолаи сарвари давлатро ҳамин се ҳадаф ташкил медиҳад, ки пешрафти ҷомеа, дастовардҳои истеҳсолӣ низ ба ин самтҳо нигаронида шудааст.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин сол дар тамои гушаву канори ҷумҳурии соҳибистиқлоламон чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву таблиғотӣ роҳандозӣ карда шуданд. [унарманди яке аз фаъолияти мардумони деҳот ба шумор рафта, дар инсон завқи бадеи ва зебоипарастӣ ва таҳаммулу тозакориро тақозо менамояд.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи созанда хизмат кардаанд.

Имруз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошанд. Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии-тамоми ҷабҳаҳои ҷомеъаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пурраги мурратабу матраҳ месозад.

 Дар Паём пеш аз ҳама роҳҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳони ва баромадан аз он, кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакори, камхарҷии маблағу мавод, ташкилу омода ва ба кордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва рушди сохибкорӣ муайяну нишондода шудааст.

Дар партави даъвату ҳидояти Паём вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ҷумҳурӣ ва тамоми фарди ҷумхури нақшаву вазифаҳои навбати ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда амали менамоянд.

Шомаҳмадова Ҷумъагул – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg