АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Тавре ҳамагон огоҳем ҳар сол Паёми Пешвои миллат ба мақомоти олии қонунгузор- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии кишвар ва рушду инкишофи хоҷагии халқи мамлакат, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои мухталиф ироа мегардад.
Паём давоми мантиқии фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муддати муайяни вақт буда, Пешвои муаззами миллат бобати рушди низоми нави давлатдории тоҷикон, роҳҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо вазифагузориҳои мушаххас дар назди масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор ва ҳар як фарди соҳибватан сухан мекунанд.
Метавон гуфт, ки аз Паём то Паём дар натиҷаи тадбирандешӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият, инчунин имконияти истифодаи самаранокии захираҳои мавҷуда дар худуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ симои маъмурии маркази ноҳия куллан дигар шуда, қомат афрохтани биноҳои гуногуни баландошёнаи гуногуни хусусию маданӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, мумфарш кардани кӯчаҳои марказии ноҳия ва насби таҷҳизоти равшаннамоӣ бозгӯи иҷрои саривақтии вазифаҳои дар Паём дарҷшуда мебошанд, ки имрӯз самар дода истодаанд.
Ногуфта намонад, ки дар даврони собиқ Шӯравӣ бо он ҳама имконоте, ки мавҷуд буд сохтани роҳи Шоҳон –Зиғар, ки аз ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегузорад, иҷронашаванда маҳсуб меёфт. Хушбахтона дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ин роҳ дар сатҳи баланд сохта шуда, имрӯз мардуми ду вилоятро ба ҳам пайваст. Аз ин шоҳроҳи аср имрӯзҳо ҳазорҳо ҳазор тонна молу коло ба тамоми вилоят ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат кашонида шуда, дар таъмини амнияти коммуникатсионии мамлакат нақши бориз дорад.
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо назардошти кӯҳистону аграрӣ будан захираҳои зиёди истифоданашудаи рушди соҳаи кишоварзӣ мавҷуд буда, бобати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд. Бахусус дар ду соли охир бо истифода аз имконот ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба хоҷагидорони ноҳия 68 адад техникаю мошинолотҳо дастрас гардонида шуданд, ки ин амал кори марди деҳқонро якчанд маротиба осон намуд.
Бо пайдо гардидани тавонмандии техникӣ сатҳу сифати истифодаи заминҳои кишоварзӣ баланд гардида, ҳосилнокии заминҳо низ тамоюли афзоиш дорад.
Ояндаи наздик метавон дар заминаи истеҳсоли маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ барои рушди соҳаи саноати консервабарорӣ мусоидат кард. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (истеҳсоли консерва) фаъолият дошта, мардуми ноҳияро дар фасли сармо бо маҳсулоти хушсифату бозоргир таъмин менамоянд.
Дар давраи аз Паём то Паём бо масъалаҳои зиёд гардидани майдони боғу токзорҳо дар ҳудуди ноҳия, бунёди боғҳои наву замонавӣ ва ба талаботи рӯз мувофиқ эътибори зарурӣ дода шуда, солҳои наздик ин омил барои зиёд гардидани сарчашмаҳои даромади аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Тайи як соли охир дар ҳудуди ноҳия 63 га майдони боғот бунёд шуда, ҳавасмандии мардуми кӯхистон ба кори боғкорӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида истодаааст.
Дар баробари ин бо назардошти ҳавасмандӣ ба бунёди боғҳои интенсивӣ дар ин муддат 2 га боғи ҷавобгӯ ба шароити ҷаҳонӣ ва маҳсулоти бозоргир бунёд гардида, барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои кишвар ҳавасмандии аҳолӣ рӯз то рӯз боло мегирад.
Тибқи талаботи Паёми Пешвои миллат дар соли ҷорӣ соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, дар ноҳия 2 инфрасохтори қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин харитаи сайёҳии ноҳия дар ду самт таҳия гардида, шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ барои сайру сайёҳат ба ноҳия назар ба солҳои пештара афзоиш ёфт.
Соҳаҳои маорифу фарҳанг низ муддати як соли охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, сатҳу сифати таълим ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар ноҳия хеле беҳбудӣ ёфтааст.
Дар давраи аз Паём то Паём дар ноҳия 3 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф мавриди истифодаи умум қарор гирифта, ин тадбир бобати боз ҳам беҳтару хубтар шудани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат карда истодааст.
Умуман дар давраи аз Паём то Паём ҳама соҳаҳои хоҷагии ноҳия рӯз то рӯз рушд ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ дар деҳот ба маротиб боло рафта истодааст.
Дар доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ҷалби соҳибкорону шахсони ватандӯсту саховатпеша зиёда аз 42 адад иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин тадбир барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин ноҳияи кӯҳистон мусоидат мекунад.
Дар баробари ин бобати тарғиби ғояҳои бунёдкори ҲХДТ дар назди мо кормандони ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас истода, барои ташаккули андешаи солиму созанда мафкураи аҳли ҷомеаро боз ҳам баланд бардоштан лозим меоянд, ки дар ин самт корҳо бомуваффақият идома дорад.
Толибҷон НАЗАРЗОДА - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин