БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

"Озодандешон"-и наҳзатӣ ғуломи шайтон ҳастанд

ВОКУНИШ. Баъд аз  пош хӯрдани ИҶШС ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар давлатҳои пасошуравӣ истиқлолияти комил ба даст овард. Аммо кӯрбинону нотавонбинони миллати тоҷик зери таъсири омилҳои беруна ва абарқудратҳо ҷумҳурии моро ба ҷанги таҳмилӣ-шаҳрвандӣ кашониданд. Дар он замонҳо миллат дар ҳоли парокандагӣ ва давлат дар як вазъияти нестшавӣ қарор доштанд. Руҳияи мардумро ҳиссиёти яъсу ноумедӣ аз давлатдорӣ ва руҳафтодагиву ҳаррос аз зиндагии шахсӣ фарогир буд. Шоири халқии мо бисёр олӣ қайдкарданд, ки:

Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,

Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд.

Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,

Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд.

Мамлакатамон ба порчаҳо тақсим гашта аз изи пояи давлатдорӣ асаре намонда буд. Тоҷикистон макони терроризму экстремизм гардида бо ҳар роҳу восита абарқудратҳо бозиҳои нопоконаи геополитикии худро дар сарзамини мо роҳандозӣ менамуданду хоки муқаддаси моро мавриди озмоишгоҳ қарор дода буданд. Хуллас миллат ба умқи чоҳи аҳриманӣ ва зиммоми ҳукмронӣ дар дасти заҳҳокони даврӣ афтода буд.

Дар даврае ки мардум афтода буд ба хорӣ,

Вақте ки тифлаконаш буданд бенаҳорӣ.

Мехурд аҳли заҳмат кунҷораву ҷуворӣ,

Мерафт сӯи ҳар дар ба нолаю ба зорӣ.

Кинаву адоват, бухлу ҳасад ҷойгузини сулҳу субот ва меҳру адолат гардида буд. Давлату миллат ба дастгирии сарваре чун Африддуну Коваи замонро ниёз дошт. Он курбинону нотавонбинони миллати тоҷик Тоҷикистонро ба коми оташи ҷанг кашонида тавонистанд, аммо як чизро фаромуш сохтаанд,ки миллати тоҷик назди парвардигор миллати назарианд. Назарӣ ба он маъно, ки аввалин миллате дар миқёси ҷаҳонӣ худовандро ба сифати ягонагӣ ва беолоҳишиаш шинохтааст(Аҳуро-Маздо). Ё ин ки парвардигор нобиғаи нотакрореро аз байни ин мардум болои миллат равона месозад,ки мислашро таърихи инсонияту давлатдориҳо ёд намедиҳанд.  Болои миллати назарӣ раҳми худовандӣ воло гирифт.

Мо ҷавононро зарур аст, ки бо ба даст овардани истиқлолияту доштани Пешвои хирадманди худ ифтихор намуда, барои арҷ гузоштану ҳифозат аз ин неъматҳои худодода ҷиддан омода бошему ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Як матали халқист “Кӯр як бор дар чоҳ меафтад”. Мо аллакай як бор аз ҳилаву фитнаҳои намояндагони ТЭТ ҲНИТ ва хоҷагони хориҷии онҳо дар чоҳ афтида будем. Ин курбинону нотавонбинони миллат (ТЭТ ҲНИТ, гуруҳи 24 ва анҷумане бо номи “озодандешон) теша бар решаи худ зада миллатро дар як ҳолати парокандагӣ ва давлатро дар вазъияти нестшавӣ қарор додан мехоҳанд. Кишвари азизамонро ба буҳрони амиқ гирифтор намуда буҷаи мамлакатамонро дигарбора ба сифр баробар кардан мехоҳанд. Аз дасти ин ҷоҳилони бегонапарвар солҳои навадум ҳазорҳо оилаҳо бесарпаноҳ ва ҳазорҳо бегуноҳон ҷони азизи хешро аз даст доданд. Имрӯз ҳам ин хоинони бо ном “озодандеш” мехоҳанд дигарбора он бадбахтиҳоро ба сари мардум биёранд.

 Аз лиҳози динӣ шайтон ду хел мешавад: ҷинсӣ (махлуқоти ғайбӣ) ва инсӣ (инсон). Навъи инсӣ хавфноктарини онҳост. Имрӯзҳо мо ҳамон навъи инсии иблисонеро мебинем, ки  дар ТЭТ ҲНИТ ва анҷумани бо ном “озодандешон” зери сояи хоҷагони хориҷии худ ба хотири фирефта сохтани мардум пайваста ниқоб иваз карда истодаанд. Чун ниқоби  ТЭТ ҲНИТ нашуд ниқоби “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”-ро ба рӯи сиёҳи худ кашиданд. Аз ёдҳои мо хурду калон ва махсусан мо ҷавонони даврони истиқлол он рузҳои сиёҳи тоҷик, ки маҳз дасти аҳримании чунин арбобони ба ном “Озодандеш” буд намеравад ва дар синаҳои мо боқист.

Аз ёдҳо нарафта рӯзи сиёҳи тоҷик,

Он давраи махуфу ҳоли табоҳи тоҷик,

Дар синаҳост боқӣ пурсӯз оҳи тоҷик,

Сад шукр, гашта равшан имрӯз роҳи тоҷик,

Эмомалии Раҳмон! Аз туст бахти миллат,

Сад сол зинда бошӣ болои тахти миллат!

Мо ҷавонон шукронаи давлати тинҷу ором ва Пешвои муаззами миллатро намуда, намегузорем, ки пойи чунин “дӯстони душманпарвар” дигарбора хоки муқаддаси Тоҷикистони биҳиштосоро нопок созанд.

Абдуҷаббор НЕЪМАТОВ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg