БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Проблемаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ

АНДЕША. Дигаргуниҳои куллӣ дарсохтори геополитики ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти системаи иҷтимоӣ – сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ (аксаран зери ниқоби ҷаҳонишавӣ ворид шудан ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва баҳраёбӣ аз арзишҳои умуибашариро мефаҳманд) масъалаи манфиати миллӣ (давлатӣ) дар маркази диққати ин ё он кишвари дунё қарор дорад. Зеро ки ягон давлат, ягон гурӯҳ ва ягон шахс дар ҳаёт бе манфиат буда наметавонад ва дар ҳама ҳолатҳо аз манфиатҳои хеш пайгирӣ менамояд.

Дар натиҷаи бисёрқутба шудани ҷаҳон давлатҳо бештар диққати худро ба ин масъала равона намудаанд, бахусус, давлатҳои бузург фаъолияти бештар доранд. Масъалаҳои муҳиме, ки солҳои охир давлатҳо бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ин масъалаҳои геополитикӣ ва фарҳанги миллӣ мебошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои хурд ҳамеша аз давлатҳои бузург паноҳ меҷӯянд, то ки дар зери сояи ин гуна давлатҳои бузург манфиатҳои миллии худро ҳифз намоянд. Баъди шикасти Ҳукумати шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва навбунёд пайӣ ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии худ пуштибон меҷуст. Аз сабабе ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 70-сол дар зери ҳимояи ИДМ қарор дошт ва ба фарҳангу забонаш одат карда буд, Федератсияи Руссияро пуштибон ва шарики боэътимод пазируфт. Хушбахтона, дар интихоби шарики стратегии худ хато накард, ки инро раванди ҳамкориҳо бо ин кишвар минбаъд собит намуд.

Яке аз проблемаҳоии муҳими геополитикӣ –ин ҳимояи сарватҳои табиӣ мебошад, ки дар моддаи 13 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мазмун дарҷ шудааст: “Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”.

Бояд зикр кард, ки ҳар яки мо бояд дар бораи сарватҳои табии беназири кишвари азизамон маълумот дошта бошем.

Ҳама он мавод ашё ва боигариҳои табииеро, ки инсон истифода мебарад, сарвати табиӣ меноманд. Аз ҷиҳати хусусияти истифода онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:

а) Сарватҳое, ки инсон бевосита истифода мебарад: об, набототи истеъмолӣ, ҳайвонҳои шикорӣ ва моҳӣ.

б) Сарватҳое, ки барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ исти­фода мешаванд: хок, канданиҳои фоиданок, қувваи об, шамол, наботот, ҷангал ва ғайра.

в) Сарватҳои рекреатсионӣ, ки онҳоро барои истироҳатуфароғат ва барқарор намудани саломатӣ истифода менамоянд: манзараи фараҳбахши табиат, обанборҳо, дарёҳо, чашмаҳои оби маъданӣ, лойқаи табиӣ ва гайра.

Сарватҳои табии бо захира ва давомнокии истифода низ аз якдигар фарқ менамоянд, аз ин ҷиҳат, онҳоро ба сарватҳои баркароршаванда ва баркарорнашаванда ҷудо мекунанд. Ба сарватҳои баркарорнашаванда асосан сарватҳои зеризаминӣ дохил мешаванд, ки захираи онҳо маҳдуд мебошад.

Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 500 конҳои канданиҳои фоиданок тадқиқ карда шудаанд, ки тақрибан 100-тои он дар истеҳсолот ҷалб гардиданд, ки аз он 70 намуди ашёи хоми саноатӣҳосил карда мешавад. Аз ҷиҳати захираи баъзе намуди конҳои маъдан дар ҷаҳон дар байни ИДМ ва дар байни давлатҳои Оснёи Марказӣ кишварамон мавқеи пешқадамро ишғол менамояд. Аз ҷумла, аз ҷиҳати захираи умумии нуқра дар ҷаҳон ҷои сеюм, аз ҷиҳати захираи сурма, намаки ошӣ дар байни ИДМ ҷои аввал ва бо захираи сурб, руҳ, шпати саҳроӣ ва висмут дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Захираи оҳан, ашёи хоми алюминӣ, стронсий, сангҳои ороишию қиматбаҳо, кандакорикунӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҳам аҳамияти бузурги саноатӣ доранд.

Моро зарур аст, ки баҳри оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ чораҳои махсус ба андешем ва муҳлати истифодабариро аз онҳо дароз кунем, то ки аз нобудшавӣ эмин бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой мебошад, қариб ҳамаи намудҳои сарватҳои табиӣ дар сарзамини Тоҷикистон мавҷуд мебошанд, танҳо роҳҳои истифодаи дурусти онҳоро ҷустан лозим аст, ки ба манфиати худи давлату миллат бошанд, на ба манфиати давлатҳои бегона. Роҳбариятро зарур аст, ки ба соҳаи геология диққати авалиндараҷа диҳад, то ки мо фақат содиркунандаи маҳсулоти хом набошем, баръакс, маҳсулоти хомро дар дохили кишвари худамон коркард карда, баъд ин ба бозори ҷаҳонӣ барорем. Барои ин амалҳоро анҷом додан технологияи муосир ва мутахассисони пуртаҷриба лозиманд, ки аз уҳдаи ҳаллӣ ин проблемаҳо ба осони баромада тавонад ва манфиатҳои миллиро дар маркази диққат қарор диҳанд.

Дар ҳама давру замон давлатҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки манфиатҳои миллияшонро ҳимоя намоянд ва инро ба наслҳои оянда низ биомӯзанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллиба ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва хоҳад дод.

Ин кишвари ободу шукуфоро зарур аст, ки барои бозҳам беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, бояд ба истеҳсолот бештар такя кунад, чунки аксарияти кишварҳои пешрафтаи дунё аз иқтисодиёт ба сатҳи баланди зиндагии мардумашон мувофиқат шудаанд.

Дигар проблемае, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи фарҳанг мебошад, ки таваҷуҳи олимону сиёсатмадоронро ба худ кашидааст.

Имрӯзҳо бештари мамлакатҳои манфиатҷӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарҳанг ва забонашонро боҳар роҳ дар ин ё он мамлакати дунё паҳн кунанд. Ногуфта намонад, ки оид ба ин масъалаи муҳими миллӣ Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадаш қайд мекунад, ки мо бояд фарҳангу забон ва урфу одати тоҷиконаро пос дорем ва ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем.

Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони мо низ таъсири калони манфӣ мерасонад. Бинобар ин, поку беолоиш нигох доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ин сарзамин ва ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии тамаддуни иттилоот бояд чораҳо андешид, то рузноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва ракобатпазир бошад.

Барои нигоҳ доштани фарҳанг аз бегонашавӣ мақом ва нақши иттилоот, ВАО ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар раванди ҷахонишавӣ бештари мамлакатҳо барои паҳн кардани идеологияи худ дар ин ё он манотиқ аз ВАО бештар истифода менамоянд.

Дар замони муосир барои хар як мамлакат баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ таъмини бехатарии иттилооти проблемаи мухиме гаштааст.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу ҳимояи фазои иттилоотӣ чораҳои махсус андешида истодааст ва мутобики манфиатҳои миллии худ Консепсияи амнияти иттилоотиро таҳия менамояд. Дар ин ҷода ҷумҳурии мо бо Русия тафоҳуми пурра дорад. Президенти мамлакат Э.Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори рузномаи «Труд» бо эътимоди қавӣ руҳияи таъкид карда буд, ки «дар мо руҳияи зиддирусиягӣ мавҷуд нест». Аз ин лиҳоз, хар ду давлатро зарурат нест, ки барои амнияти иттилоотии хеш чораҳои зидди якдигар андешанд.

Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, васоити ахбори умум нақши бузург мебозанд. Ин бешубҳа омили мусбии суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад.

 

Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ вусъат гирифтааст. Баъзе аз расонаҳои хабарии Русия, Узбекистон ва дигар давлатҳо ҷумҳурии моро ба таври сохта чун «минтақаи муташанниҷ» ва чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон дода, эътибору нуфузи онро паст заданӣ мешаванд. Дар аксари барномаву мақолаҳои онҳо танҳо қочокгарони тоҷикистонӣ паҳнкунандагони ин мавод ба Русия ва мамолики Аврупо арзёби мегарданд. Аммо мутобиқи маълумоти ташкилотҳои байналхалқӣ ба Русияву Аврупо нисбат ба Тоҷикистон дида, аз Узбекистон ва Туркманистон маводи мухаддир бештар таҳвил мешавад.

Суханони таҳқиромези баъзе аз сиёсатмадорони Русия, наворҳои пасткунандаи шаъни тоҷикистониён боиси эътирозу бадбинии ин мардум шуданаш аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, зарур аст то ташвиқоти зиддитоҷикӣ дар васоити ахбори оммаи ин кишвар бартараф карда шуда, беҳтар мебуд барномаҳои ахбори Тоҷикистон дар шабакаи телевизионии Русия аз тарафи худи журналистони телевизиони тоҷик таҳия гарданд.

Дар ҷаҳони имрӯза ҷомеаро тавассути иттилоот идора мекунанд ва иттилоот бошад, сад дар сад характери мусбӣ надорад.

Имрӯзҳо фарҳанги мардуми мо ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ заминаи ноустувор фароҳам меоранд. Бешубҳа қайд кардан зарур аст, ки имрӯз филмҳои ғайритоҷикӣ дар дохили кишвар ба назар мерасанд, ки тамошои онҳо ба бегонашавии фарҳанг оварда мерасонад. Ин масъаларо имруз мардуми тоҷик ба хубӣ дарк менамояд ва баҳри инкишофи таҳияи филмҳои тоҷикӣ ва театр диққати авалиндараҷа медиҳанд.

Аслан мо ҷаҳонишавиро куллан манфӣ гуфта наметавонем, чунки дар баробари ҷанбаҳои манфияш ҷанбаҳои мусбиро низ дар худ дорост. Аз як тараф мо нигоҳ кунем, ҷаҳонишавӣ барои инкишоф додани манфиатҳои миллӣ бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеа инкишоф меёбад ва сатҳи шуурнокию ҷаҳонбинии мардум васеъ гардида, он аз технологияи муосир ва таҷрибаҳои давлатҳои рушдкарда воқиф мегардад. Танҳо ҳаминро қайд карданиям, ки дар аснои ҷаҳонишавӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва манфиатҳои миллии кишвари азизамонро дар ҷои аввал гузорем.

Дар баробари гуфтаҳои боло ҳаминро бояд қайд кард, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои ҳар як давлат ба масъалаи мубоаме табдил меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷуъзи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии хеш қадамҳои устувор бояд гузорад ва ба бегонашавии фарҳанги миллӣ ҳаргиз роҳ надиҳад. Тоҷикистон танҳо дар ҳолате рушд мекунад, ки мардуми он манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсмю гурӯҳӣ боло гузоранд ва дастаҷамъона дар партави сиёсати созандаи Призиденти кишвар софдилона фаъолият намояд.

 

Расулов Ҷаҳонзеб, омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур

Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg