БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён бо маслиҳати ҷосусони хориҷӣ дар атрофи худ гурӯҳчаҳо сохта истодаанд

ВОКУНИШ. Имрӯз якчанд хоину ватанфурӯш, ки аз ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар гурехта, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон таҳти пӯшишҳои сиёсиву мухолифи давлат буданҳо пинҳон намудаанд ва дар тамоми ҷаҳон фаъолияти тахрибкоронаашонро “ҳимояи арзишҳои демукросӣ” муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар охир чун диданд макру фиребашон асар накард ва дар ин роҳи бадкорӣ ноком шуданд, боз анҷуманҳое бо номи "озодандешон" мехоҳанд таъсис диҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин тоифа дар сафи аъзо ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” буда, бо амалҳои хоинонаашон нисбати озодандешӣ низ таҳқирро раво дидаанд! Яъне ба он ҳиллаву шайтанат ва бухлу ҳасаде, ки дар ниҳоди ин тоифа мавҷуд аст, худро "озодандеш" унвон кардани онҳо худ таҳқир ба кулли озодандешони ҷаҳон аст.

Инҳо, ки худ арзиши ҳамнишинӣ бо мардуми поквиҷдонро надоранд ва аз хуйу тинати бадашон ба хоини Ватан табдил ёфта, дар хизмати хоҷагони хориҷиашон қарор доранд ва боз бешармона мегӯянд биёед ҳамкорӣ кунем. Ин ҷо суоле ба вуҷуд меояд, ки ин хоинону лухтакони дасти хориҷиён кирои кадом ҳамкориро доранд. 

Дар оинномаву барномаашон, ки аз тарафи кадом ниҳоди ҷосусии хориҷӣ омода карда шудааст, хостаанд маорифро пеш баранду кадом корҳоеро ба манфиати халқ анҷом диҳанд. Агар ақлу тамизи инсониро бо каме виҷдон медоштанд як дам андеша мекарданд, ки онҳо ҳам замоне дар Тоҷикистон буданд ва чунин имконияти ободкорӣ доштанд, аммо чаро накарданд? Чунки онҳо на танҳо тафаккури созанда надоранд, балки баръакс дар фикри ба ҳар роҳу восита зарар расондан ба ҷомеаро доранд. Дар урфият мегӯянд, ки аз каждум ҷойи ранҷиш нест чунки муқтазои табиаташ ҳамин аст. Ин хоинонро ҳам муқтазои табиаташон хиёнат аст. Ва онҳо хеле беҳаё ҳам ҳастанд.

Ин тоифа чун тафаккури таҳлилӣ надоранд ва тафаккури таҳлилӣ ҳам ба онҳо лозим нест, қиёс карда наметавонанд, ки то замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Ин хоинон, ки имрӯз ба қавли худашон “озодандеш” ҳам шудаанд, худ чи хизмате ба мардум кардаанд: Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ (анҷумани бо ном озодандешон ҳам шохае аз ҳамин аст) ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар сокини осоишта гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нобуд гардиданд. Иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд, умеди ҷомеа аз ояндаи босаодату дурахшон канда шуда, халқ сарсону саргардон ва гуреза гашт, одамкушӣ ба мисли куштани чорво ба як амали маъмулӣ табдил ёфт... Онҳо боз имрӯз шарм надошта, дар бағалиихоҷагони хориҷиашон истода садои нола баланд мекунанд ва худро мазлум нишон додан мехоҳанд. Ҳол онки ин наҳзатиҳои лаънатӣ ба маънои томаш золим ва қассоби мардум ҳастанд.

Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ин бадхоҳони миллат, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, то ки бо сӯистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд. Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад. Аллакай сокинон раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон тағйиротҳоро дар сиёсати ҷаҳонӣ бо чашми сар дида истодаанд. Давлатро ба масҷидвайронкунӣ гунаҳкор карданашон ҳам дуруғест, ки  ин бадбахтон ҳамвора мегӯянд. Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва таҳлил мекунад, ки агар солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид амал мекард, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд. То соли 1990 мусулмонони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар донишомӯз таҳсил мекард. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Агар дар тӯли беш аз 70 соли салтанати шӯравӣ ҳамагӣ 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи ҳоҷигӣ расиданд ва ҳатто баъзеаашон 6-7 маротиба ҳаҷ карданд. Дар як сол аз давлатҳои ИҶШС ҳамагӣ то 10 нафар ба маросими ҳаҷ рафта метавонистанд. Ҳоло танҳо аз Тоҷикистон ин шумора беш аз 5000 нафар дар як сол аст.

Бо назардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин гурӯҳҳои ифротӣ сокинони Тоҷикистонро фирефта карда наметавонанд. Чанд ҷавони бетаҷрибаеро ҳам, ки гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ гумроҳ кардаанд, бовар дорем, аз чунин ҳаёти дарбадариву сарсонӣ ва ҳамчун хоин ном баровардан садҳо бор безор шудаанд.

Ин тангназарон ҳеҷ корҳои ободонӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Ҷасорати мардӣ надоранд, то иқрор шаванд, ки ҷавони сисолае тавонист дар як муддати кӯтоҳ пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо ба маротиб ободу зебо гардонад, садҳо километр роҳҳоро бунёду азнавсозӣ намояд, дар ҳар як маҳалла майдончаҳои варзишӣ созад, вайронаҳоро ба гулистон табдил диҳад ва бо шаҳрвандон робитаи мустақим барқарор кунад. Не, наҳзатиҳо ба сони чуғзон аз ҳарфи ободиву созандагӣ мисли он, ки шайтон аз “бисмиллоҳ” мегурезад, мегурезанд! Инҳо нопокзодаанд ва ҳеҷ собуне, бо шумули анҷумани аблаҳонаашон ин доғи хиёнатро аз рӯяшон намешӯяд!

Ҷонибек САИДОВ, узви ҲХДТ аз ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg