БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои муқаррароти қонунҳо асоси зиндагии шоиста!

ШАҲРИТУЗ. Вохӯрии ҳизбиён бо сокинони деҳаи  Чорбоғи ҷамоати деҳоти Пахтаобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод иштирок дошта,  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», зиёд кардани сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифат, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, баланд бардоштани савияи дониши наврасон, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, ихтироот ва навоварӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва  корҳои хоҷагидорӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ барои соли оянда андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ, ки барои  зиндагии босаодати мардум ва  боз ҳам  ободтар гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз равона  карда шудааст, раҳнамоӣ намуд. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg