БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар замони муосир эҳёи ҳунарҳои мардумӣ майдони робитаи фарҳангиро фарох намуд

ҶАӢҲУН.Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Лоиқ Шералии ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ чорабинии ҳизбӣ вобаста ба сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал баромад намуда, қайд кард, ки хушбахтона бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти13-уми ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон «чакан» ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид гардид.

Воқеан ҳам чакан ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат мебошад. Ҳар як нақше, бо нӯги сӯзан офарида мешавад, шинохти дунёст. Он гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати тоҷик буда, аз фарҳанги бою ғании мардуми мо дарак медиҳад. Чакандӯзӣ як навъи санъати гулдӯзӣ буда, аз даврони куҳан то ба имрӯз орзуву омол ва завқи зебоипарастии мардумро инъикос мекунад. Ҳар як давраи таърихӣ ба гулдӯзӣ санъати навро ворид месохт ва онро мукаммал мегардонид.

Дар фарҷоми баромад Сабурзода Насим иброз дошт, ки дар замони муосир эҳёи ҳунарҳои мардумӣ майдони робитаи фарҳангиро фарох намуда, зарурати шинохти анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин росто, рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg