БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми сохторҳои ҳизбӣ дар рушду пешрафти хоҷагидорию кишоварзӣ калон аст

Н.ХУСРАВ. Вобаста  ба таъмини иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи Мӯъминободи ҷамоати деҳоти  Истиқлол  бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал ва  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ   вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти    Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Муродов Раҳмон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо сокинон бо  як масъулияти  баланд  ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор ҷамъбаст кардани  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабинии сатҳи баландро баргузор намуданд. 

Дар он   ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзу суннату анъанаҳои мардумӣ, рушди корҳои хонагӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Баргузории чунин чорабиниҳо  дар тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар  байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа,  бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани   Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳмияти хеле бузург дорад.

Ҳамзамон, вакили  Маҷлиси  вакилони  ҳалқи  ноҳия  Набиева  Инобат дар вохӯрӣ иштирок дошта, аз  аъзои  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ даъват  намуд, ки корҳои  ободониро  дар  маҳалла   ба  роҳ  монда,   ҷиҳати  тарғиби урфу одат ва  анъанаҳои  мардумӣ ҳамеша  бархудор  шуда, анъанаҳои  неки  ниёгонамонро  ба   насли наврасу   ҷавонон омӯзонанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg