БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони деҳот аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хушнуду сарфарозанд

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дирӯз дар маҳаллаи №2-и   ҷамоати шаҳраки Совети  ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони маҳаллаи номбурда  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакили ҷамоат Бобоева Мамлакат   ва  фаъолони маҳалла  гузаронида шуд.  

Сипас, бо иштироки сокинони маҳал  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гашт, ки дар он  дастовардҳои ҳунарии ҳунармандону кишоварзони асил ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар маҳаллаи номбурда ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он Каримов Саидаҳрор интихоб гардид.

Дар охир раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ба аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорида, ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg