БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷое, ки об ҳаст, он ҷо нур аст!

ПАНҶ. Зимни баргузории чорабинии навбатӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 бо омӯзгорони муассиса ва фаъолони ҳизб баргузор гардид, масъулон  оид ба  ташаббусҳои пайдарпайи  Пешвои миллат марбут ба об баромадҳо намуда, кайд намуданд, ин иқдомҳои беназири  Сарвари дурандеш моро  водор месозад, ки нисбати об ҳамчун  манбаи ҳаёт муносибати дилсузона дошта  бошем, ҳар қатраи  онро сарфакорона истифода барем, ба ифлосшавии ҷӯйю  дарё  ва дигар манбаҳои  об роҳ надиҳем.

Шомаҳмадзода Музафар–мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни суханронӣ тазаккур дод, ки эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди усутвор, солҳои 2018-2018» ва аз ҷониби ҳамаи аъзои СММ дастгирӣ ёфтани ин ташаббус шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза Сарвари давлати мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба об-манбаи ҳаёт  аҳамияти ҷиддӣ  медиҳад. Дастрасӣ ба манбаи об ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби сайёра табдил ёфтааст. Гармшавии ҳаво ва дар ин асно обшавии пиряхҳо, ки маънои нобудшавии захираи обро мефаҳмонад,  ин масъаларо тезу тунд намудааст. Дар кишвари мо сохта ва пурра ба истифода дода шудани НБО-и Роғун имконияти захира намудани оби ошомиданиро дар обанбори нерӯгоҳ фароҳам меорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ фаъоли ҳизб Акбарова Мақсуда қайд намуд, ки ҷихати таблиғу ташвиқи сиёсати бобарори Пешвои миллат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таълимӣ як қатор корҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд. Вобаста ба ин, гӯшаҳои таблиғотӣ таҳти унвони «Дастовардҳои 27-соли Истиқлолияти давлатӣ», «Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон!», «Пойдории давлат аз солимии оила вобаста аст!», «Мо аз диёри обҳо»  ва «Хизмат ба Ватан – шаъну шараф аст!», ки таҷассумгари пешравиҳо  дар кишвари моро инъикос менамояд, ташкил карда шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg