БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – тарғибгари тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа

МӮЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва Маркази тарзи ҳаёти солим дар толори Госпитали ноҳия баргузории мизи мудаввар миёни ҷавонон оид ба пешгирии  бемории Вируси норасоии масъунияти одам, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мебошад,  доир гардид.

Дар баргузории мизи мудаввар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон ва дигар шахсони давъатӣ  иштирок ва суханронӣ намуда,  қайд карданд, ки бо дастгирӣ ва иштироки васеъи ҷавонон аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар давоми соли ҷорӣ чорабиниҳои зиёди  фарҳангӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Аз ҳисоби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» гурӯҳҳои  таблиғотӣ созмон дода, дар ҳамаи муассисаҳои ноҳия, корҳои оммафаҳмонӣ,таблиғотию ташвиқотӣ оид ба пешгирии  Вируси норасоии масъунияти одам суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg