БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи талаботи қонун беҳдошти зиндагии мардум аст

КУШОНИЁН. Дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кушониён бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо сокинони маҳал оид ба амалӣ ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба беҳдошти зиндагии мардум  мусоидат менамояд,  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  иштирок дошта,  оид ба  ба риояи қонуни мазкур ҳарф зада, қайд карданд, ки маъракаҳои дабдаба бо сарфу хароҷоти беҳуда, маросимҳои азодории ҳангомадор ҳеҷ зарурат надорад.

Инчунин, дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя хал мекунем!” ба ҳамагон расонида шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки он хароҷотҳои беҳудае, ки дар маъаракаҳои  хурсандиву аъзодорӣ сарф мекунанд, хуб мешуд дар обод кардани гӯшае, ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зисти худ  хароҷот намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg