БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал аз ҳадафҳои созандаи ҲҲДТ сипосгузоранд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Борбад»-и кӯчаи Борбади  ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Холмурод мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия, Ҷамолиддини Маҳмадшариф мутахассиси шуъбаи ташкилӣ бо сокинони маҳал ҷиҳати расонидани моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузарониданд.

Мақсади вохӯрӣ ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити зисти сокинони маҳал, дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилотҳое, ки дар маҳали зист ҷой доранд, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад.

Дар навбати худ, сокинони маҳал аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ супосгузор буда, иброз доштанд, ки дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg