БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон макони касбу ҳунарҳои мардумӣ

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар кӯчаи Ҷавонии  ҷамоати шаҳраки Қубодиён  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин  Абдуллоев  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҷамъбасти  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида карда, афзуд, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда , барои баланд бардоштани мақом ва манзалати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону бонувони мо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунарҳои мардумӣ шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро  бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  беҳбудӣ бахшанд.

Ҳамчунин, зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб мекунанд, ки  ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон  гардида истодааст.

Дар охир ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоинони Ватан  нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда,  аз тинҷиву оромии кишвар барои шукуфоии Ватани азизамон дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg