БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиrлолии кишвар рушд намуд

ЁВОН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст, дар маҳаллаи Ҷомии ҷамоати шаҳраки Ёвон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул, мудири шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонону наврасони беморхонаи марказии ноҳия Иззтуллоева Саёра ва муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Ашӯрова Н. роҷеъ ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар баргузории корҳои  таблиғотию амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, саҳм доштан дар ободонию созандагии маҳал, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми шавҳар ва калонсол, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайра суҳбатҳои муфид намуданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg