БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони Вахш интизори Паёми навбатии Пешвои миллатанд

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Инак бо гузашти ироаи Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар як соли рассо сипарӣ мешавад. Соли сипаришаванда барои Ҳукумати кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат соли бобарору фатҳи ҳадафҳои миллӣ арзёбӣ гашта, дар саҳафоти таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Ҳукумати кишвар бо фаъолияти бо низому самарабахши худ, дар тулли сол қисмати аъзами дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иқтисодиёти миллӣ дар муҳлатҳои муқараргардида сарбаландона ба иҷро расонид. Бузургтарин ва шоистатарин иқдоми Ҳукумати мамлакат дар самти амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ин дар муҳлатҳои муқурраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор додани аввалин чархаи НБО “Роғун” мебошад, ки ин рӯз ба шодиву сурури умумимиллӣ табдил ёфт.

   Президенти мамлакат Ҷаноби Оли мӯҳтарам Эмомал Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иrтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2018 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози солро пешниҳод намуда буданд. Таъкид гардида буд, ки бо амалӣ гардидани барномаҳои соҳавӣ ва ғанӣ гаштани молиёти буҷаи миллӣ Ҳукумати кишвар ба табақаҳои дар зери ҳимояи молиявии давлат қарордошта ғамхорӣ зоҳир менамояд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки давоми сол нишондиҳандаҳои макраиқтисодии кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, Ҳукумати кишвар ба соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ғамхорӣ зоҳир намуда, аз 1-уми сентябри соли 2018 марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетиро амалӣ намуд.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои дар Паём пешбинигардида заҳматкашони ноҳияи Вахш низ бо фаъолияти пурмаҳсули хеш, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра кишоварзони соҳбтаҷрибаи ноҳия майдони кишти растаниву зироатҳоро васеъ намуда, истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзиро зиёд намуданд. Дар ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза ёфта, дар деҳот даҳҳо мактабу синфхонаҳо, маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳу пулҳо бунёд гардида мавриди баҳрабардории мардум қарор дода шуд. Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти мардум ва таҷлили шоистаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ бо намоиши нигораҳои ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Имрӯзҳо мардуми ватандӯсти ноҳияи Вахш Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро бе саброна интизорӣ кашида, ҳамагон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои навбатии Пешвои муаззами худ омодагии қавӣ доранд.

О. Маҳмадов – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg