БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Восеъ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инак, қариб як сол сипарӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Паёми Пешвои миллат санад, дастуре буд барои мардуми Тоҷикистон, пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маорифи мардуми тоҷик. Он дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқ гардиши куллиеро ба амал овард. Зери ин санади сарнавиштсоз мардум дилпуррона ва бо боварии комил меҳнат намуда, ба дастовардҳои бузурге ноил гардиданд. Ва инро гузашти вақт исбот намуд. Чуноне аз мушоҳидаҳо бар меояд аз Паём қаблӣ то Паёми навбатӣ Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ва аз ҳама муҳимтаринаш ин ба кор даровардани чархаи аввалини нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд. Ин нерӯмандии халқи тоҷик, нангу номӯси мардуми тоҷикро бори дигар нишон дод. Ва аксар мардуми кишварҳои ҳамсояи наздику дур роҳбарони он ба хирадмандию дурандешии Сарвари давалатамон, мушкилнописандии халқи Тоҷикистон, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, ин иншооти азими асрро фаъол гардониданд, баҳои баланд доданд.

Давоми давраи аз Паём то Паём баробари дигар навоҳии кишварамон, аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ низ дигаргуниҳо ва пешравиҳои назаррас ба даст омад. Дар ин муддат як қатор иншоотҳои назарраси манзилию хизматрасонӣ, маъмурӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ҳамчунин зиёда аз 20 километр роҳҳо сангфаршу мумфарш карда шуданд. Сохта ба истифода додани иншоотҳо- корхонаи асфалтбарорӣ дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, муассисаи таълимии №65 дар деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов, мактаби рақами 2 дар деҳаи Тосқалъа, чанд бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазов, майдончаҳои хурди варзишӣ дар дехаи Тугарак, шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Дарнайчӣ, бинои идораи Кумитаи замини ноҳия ва ҳамчунин як қатор мағозаю нуқтаҳои варзишӣ дар маркази ноҳия аз зумраи онҳо мебошанд.

Мардуми ноҳияи Восеъ, аз ҷумла кулли аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз сиёсати Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри он чидду ҷаҳд менамоянд, он супоришу вазифаҳоеро, ки имрӯз дар наздашон меистад бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар пешрафту нумӯи Тоҷикистон, иқтисодиёту иҷтимоиёти он саҳми арзандаи худро гузоранд.

САФАРОВА Ҳафизамо – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg