БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат – оинаи дурнамои миллат

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Ҳамасола сокинони кишвари азизамон ьар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бесаброна интизори мекашанд. Зеро дар онҳо фаъолияти яксолаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, аз бурду бохт, мувафаққияту камбудии соҳаҳо маълумот дода мешавад.

Ҳамчунин, бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани кор дастурҳои мушаххас пешниҳод мегардад. Ҳарчанд расман ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз унвонии мақоми олии намояндаги ва қонунгузори кишвар пешниҳод мегардад, вале он дар маҷмуъ ба ҳар як сокини кишвар, ки нисбат ба пешрафту ободонии диёр, беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум бетараф нест, дахл дорад.

Мардум бо умеду боварии зиёд ба ҳар нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат гуш дода, дар заминаи хулоса ва бардошт дар фаъолияти ҳарруза онро сармашқи кор қарор медиҳанд.

Аз ҷумла барои мо- аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Паёмҳои Пешвои миллат як ҷаҳон таассурот мебахшанд ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар фаъолияти рузмарра мавриди истифода қарор медиҳем.

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои оянда буда, Сардори давлат бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои аниқ назари некбинона менамоянд.

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки аз Паём то Паёми дигари Пешвои миллат дар ҳаёти гуногунҷабҳаи кишвари  мо дигаргуниҳои  куллӣ ба  назар мерасанд ва айни замон низ мо дигаргуниҳои сиёси ва иқтисодию иҷтимоиро дар ҳаёти кишварамон мушоҳида карда истодаем.

Агар дар маҷмуъ доир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомали Раҳмон сухан рондани шавем, пас ба андешаи ман ин ҳуҷҷат оинаест, ки дар он марҳилаҳои рушди беш аз пеши тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон ва вазифаҳои оянда инъикос ёфтаанд.

Паёмҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон барномаҳои бузургеанд, ки тамоми манбаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистони азизро фаро мегиранд. Ҷаноби Олӣ дар Паёмҳои солонаи хеш равандҳои ҷаҳони муосирро ба риштаи таҳлил кашида, доимо ҳушдор медиҳанд, ки дар ҷаҳони босуръаттағйирёбанда дар самти муносибатҳои хориҷи бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи манфиатҳои халқу миллат ҷоннисор бошем.

Мо ҳамагон медонем, ки аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, мубориза ба муқобили терроризмро аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳони, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пешниҳод карда, таъкид намуда буданд, ки террорист миллат, ватан, мазҳаб надорад. Ба муқобили ин раванди номатлуб мамлакатҳои дунё бояд якҷо мубориза баранд. Ин пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуд ва муборизаи оштинопазир ба муқобили терроризм ва экстремизм дар олам вусъат гирифт.

Дар паёмҳои ҳамасолаи худ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид менамоянд, ки муҳаё сохтани шароити зиндагии шоиста  барои ҳар як сокини мамлакат инчунин қабул ва амали гардидани  ҳамаи нақшаву барномаҳо ба хотири ҳамин ҳадафи оли мебошанд. Зеро таърихи начандон тулонии давлатдориамон собит менамояд, ки ҳифзи истиклолияти давлати ва дастовардҳои он, химояи амният ва манфиатҳои милливу давлати, устувор гардонидани ваҳдати милли ва  нигоҳ доштани субботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳоли дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархурди қудратҳои ҷаҳони вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлати ва ҳар як шаҳрванди ватандусту ватанпарвар мебошад.

Аз ин ру,  амали намудани мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёмҳои Сарвари давлат вазифаи ҷонии аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд бошад.

Ҳар як фарди ҷомеа , махсусан аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд, ки сарҷаъмона ва бо дилу дидаи нек ба ояндаи дурахшон кушиш намуда, дар корҳои ободонию созандаги баҳри ободии Ватани биҳиштосои худ фаъолона иштирок намоянд, зиракии сиёси, дустию рафоқат ва якдилию ҳамдигарфаҳмиро аз даст надиҳанд. Насли оянда – ҷавононро дар руҳияи ватандустию худогоҳи, ҳурмату эҳтироми калонсолон, ҳифзи таъриху фарҳанги мили ва дустию рафоқат тарбия намуда, онҳоро аз шомилшави ба ҳар гуна гуруҳҳои тундгаро боздорем ва  ба корҳои созандагию бунёдкори, ҳифзи оромию осудаги, дустию бародари ва якдигарфаҳми ҳидоят намуда, тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон равона созем.

Имрузҳо ки мо дар арафаи ироаи Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон қарор дорем, бо боварии комил метавон гуфт, ки он баҳри фаъолияти пурсамари ҲХДТ, тамоми сохторҳои давлатию  хоҷагидори такони ҷидди мебахшад ва мардум аз он руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри амалӣ намудани вазифа ва нақшаву супоришҳои дар наздашон истода, бо дилу нияти пок, бо боварӣ ба фардои нек фидокорона меҳнат менамоянд.

Маҳмадаюб Шарифзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg