БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…

ШАҲРИТУЗ. Дар китобхонаи марказии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров вохӯрии китобдорони ҷамоати деҳоти номбурда бо муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ мавқеи китоб ва дониш дар ҳаёти инсон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки баланд бардоштани савияи дониш  ва фаро гирифтани сокинон ба китоб  яке аз самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.  

Инчунин, мавсуф дар суханронӣ оид ба масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардаст, ин паст шудани шумораи аъзои фаъоли китобхона, китобхонии аҳолӣ, чи ҷавонон ва чи калонсолон мебошад,  андешаронӣ карда, зикр намуд, ки айни ҳол кам шахсоне дар деҳот вомехӯранд, ки шавқу завқи китобхонӣ доранд ва ҷавонони имрӯза аз асарҳои безаволи шоиру нависандагони шарқу ғарб агар хабар дошта бошанд ҳам, дар сатҳи барномаи мактабӣ кам ҷавонеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз ашъори Рӯдакию Фирдавсӣ, Айнию Лоҳутӣ, Лоиқу Камол Насрулло мисрае донад ва қироат намояд.

Вазифаи имрӯзаи китобдорони деҳот низ дар ҷалб намудани сокинони маҳал ба китобхонӣ мебошад, аз нав шинохтан ва дӯст доштани он асарҳое, ки имрӯзҳо дар рафҳои китобмонии китобхонаҳои деҳот хобидаанд, мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg