БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон нерӯи бузурги созанда ва тарбиятгари насли наврас ҳастанд

А.ҶОМӢ. Бо иштироки мудирони шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон ва таблииғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо занону духтарон ва ҷавонони ташкилоти ибтидоии «Меҳрвар»-и кӯчаи Коммунизми ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Самадзода Саёҳат   оғоз бахшида,  дар бораи озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Тарроҳи беҳтарин», «Наққоши беҳтарин» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ  дар сатҳи маҳал», ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда шудааст, андешаронӣ намуда, ҳунармандони беҳтаринро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рӯ овардан ба фарҳанги пурғановати хеш ҷамъомадагонро даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg