БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар корҳои ободонӣ низ ҳизбиён саҳми арзанда доранд

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  30 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” тибқи  нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар  ноҳияи Носири Хусрав дар даромадгоҳи  ноҳия,  ҳудуди  ҷамоати деҳоти  Истиқлол  бо  иштироки  васеъи  ҷавонон, аъзо  ва  ҷонибдорони  ҲХДТ,    корҳои созандагиву ободонӣ баргузор  гардид.

Дар корҳои созандагиву ободонӣ иштирокдорон дар  ду  тарафи   шоҳроҳи даромадгоҳи  ноҳия  дарахтони  ҳамешасабз,  аз  ҷумла  арча  ба  миқдори  зиёда  аз  500  бех   дар  масофаи  2 км  ҷиҳати  боз  ҳам   зебо  шудани  намуди  зоҳирии  шоҳроҳ  шинониданд.

Инчунин, дар корҳои созандагиву  ободонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё иштирок дошта, дар шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча саҳми хешро гузошт.

Чунин корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав  бо ҷалби фаъолон,  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бомаром идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg