БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” писанди сокинон гардид

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон дирӯз  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Ориёни ҷамоати шаҳраки Обикиик оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор даромадани агрегети аввали НБО-и Роғун, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва китоби «Одобномаи корманди ҳизбӣ» андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар идома  моҳияти Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба сокинон фаҳмонида дода шуд,ки писанди ҳамагон гардида, чанде аз иштирокдорон афзуданд, ки минбаъд  дар доираи  Аксияи ҳизбӣ он маблағҳое, ки  дар маъракаҳои азодориву тӯйҳо, кис арфу хароҷоти беҳударо  дар бар мегиранд, дар обод кардани гӯшае,  дасти кӯмак дароз намудан ба  шахсони ниёзманди ҷомеа харҷ хоҳем кард.      

Дар охир масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки  ҳунармандон бо маҳорати баланди  ҳунармандӣ ба намоиш гузошта буданд,  дидан  намуданд.                                         

                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg