ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баромад карда,
қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати ҷиддӣ дар самти ҳалли масъалаҳои муҳими вобаста ба инсоният зоҳир намуда, маҳз бо ташаббуси ин марди некфол аз ҷониби СММ даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардид. Айни ҳол аксарияти чорабиниҳои минтақавии байналхалқӣ дар бораи он ташаббус баргузор гардида истодаанд ва ин амал ҳисси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.