ТЕМУРМАЛИК. Дар деҳаи Даҳаи Намаки ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи номбурда баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ватансозиву рушду нумуи кишвар, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштирок ва ҳамкории бевоситаи вакили ҷамоат Насимов Нурулло ва фаъолони деҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар намоишгоҳ дастовардҳои ҳунарии сокинони маҳал ва дастовардҳои кишоварзон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар охири мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва намояндаи ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳия Насимов Нурулло ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.