БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли тақвияти робита бо маҳал ба беҳтар гардидани фаъолияти ҳизбиён мужда дод

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру  супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин замина амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия як қатор корҳои  мушаххасро ба роҳ монда истодааст.

Дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  таъсис дода шуда, дар ин росто сафи ҳизб аз ҳисоби оммаи меҳнаткаш зиёд гардид.

Бешубҳа, суханони Пешвои миллат оид ба таъсиси ҳизбе, ки пешбаранда ва созанда мебошад боиси қайд аст:  «Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили ҲХДТ муттаҳид намудани нерӯҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд». Аз ин рӯ, вазифаи ҳизбиён аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту меҳанпарвар, фидокору худогоҳ ва хештаншинос зиёд намудани сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин, дар ташкилоти ибтидоии Дӯстии ҷамоати деҳоти Намуна бо иштироки бевоситаи кормандони масъули Кумитаи  иҷроияи ноҳия ва аъзою ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ  доир гардид.

Масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасигардида мубориза зидди коррупсия,  нашъамандӣ, терроризму экстремизм, ки яке аз  тамоюлҳои зараррасони ҷомеа ба ҳисоб меравад суханронӣ гардиданд. Дар ҷараёни баромад,  инчунин роҳҳои ҳифз намудани ҷомеа аз хатарҳои номатлуб пешниҳод гардиданд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия Файзиев Каримҷон зимни суханронӣ қайд намуд, ки маҳаллаи Дӯстӣ  барои сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Намуна пешсаф буда, дар ин саҳми   фаъолони маҳалла  калон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg