БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва бақои давлат аст

МӮЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг» хониши сиёсӣ ва ҷамъбасти фаъолияти ташкилотиибтидоии ҳизбӣ дар  соли 2018  доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Н.Аврангов иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми  НОБ-и Роғун, атрофи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  фаъолияти солонаи  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши фарҳанг»   андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки бо дастгирӣ ва иштироки васеъи аъзои ҳизб дар давоми соли ҷорӣ чорабиниҳои зиёди  фарҳангию сиёсӣ гузаронида шуд. Аз ҳисоби фаъолони ҳизб, гурӯҳҳои  таблиғотӣ созмон дода шуда, дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳои деҳотӣ корҳои оммафаҳмонӣ, таблиғотию ташвиқотӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Инчунин, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Н.Аврангов иброз намуд, ки дар арафаи ҷашнҳои таърихӣ бо дастгирии аъзову фаъолони ҳизб тибқи имконият ба шахсони яккаву танҳо кӯмакҳои молию пулӣ  расонида шудааст.

Дар охир Рамазон Ҳайдаров бештар дар бораи пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти ҳизбиён ҳифз ва ҳимояи фарҳангӣ миллӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби занону ҷавонон ба сафи ҳизб, сифати қабул ба сафи ҳизб ва  расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ  ҳарф зада, иштирокдоронро даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg