БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беш аз 10 ҳазор ниҳолони ҳамешасабз шинонида шуд

КУШОНИЁН. Ба хотири зебову обод гардонидани кӯчаю хиёбонҳои ноҳия дар назди биноҳои ташкилоту идораҳо, кӯчаю хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳамчунин дар ду тарафи роҳҳои марказии ноҳия  ниҳолони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Дар корҳои ободониву бунёдкорӣ  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  барои сарсабзу хуррам гардонидани ду тарафи роҳи ҷамоати шаҳраки Бохтариён, ки дар шоҳроҳи шаҳри Бохтар- Левакант қарор дорад, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз мусоидии обу ҳаво истифода бурда, ба шинонидани гулу буттҳо ва дарахтони ҳамешасабз иштироки  фаъолона доштанд.

Сокинони ноҳияи Кушониён сиёсати созандагию ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ қарор дода, барои боз ҳам ободу зебо гардидани кӯчаю деҳаҳои маҳали зист рӯзҳои истироҳатӣ бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  ба ҳашари умумӣ мебароянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg