КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” Чупонова Гуландом иштирок ва баромад намуданд.
Зимни вохӯрӣ Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҳаёти солимии миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳвари дар густариши он дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Дар идомаи суҳбат вобаста ба тарғиби либоси миллӣ низ ибрози андеша намуд.
Инчунин, дар охир аз тарафи Чупонова Гуландом таъкид шуд, ки оила бояд аз як тараф маркази тандурустӣ, беҳдошти ҷисмонӣ ва ақлӣ ва аз тарафи саввум маркази омода кардани фард ба ҳаёти иҷтимоӣ бошад. Оила аввалин ва муҳимтарин ҷои тарбияи аниқ эҳё ва шукуфоии истеъдодҳост.