БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша ҷойгоҳи хешро доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,   ба кор даромадани агрегати якуми НОБ-и Роғун, огоҳонидани сокинон аз хатару паёмадҳои  ташкилотҳои террористӣ,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ,  рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби шаҳрвандони бекор аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекорӣ ва кабизоатӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар қисмати фарҳангии  вохӯрӣ  Ваҳобиддин Абдуллоев аз  намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ  бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ,  таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати  баланди ҳунармандии онҳо аҳсан гуфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg