БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷонибдорӣ аз ҲХДТ бароямон шараф аст!

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати афзоиш додани сафи ҲХДТ  азщ ҳисоби шахсони бомаърифат ва самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ дар Гимназияи давлатии №1-и ноҳия бо омӯзгорон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ  масъулин дар назди омӯзгорон  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  “Одобномаи  корманди ҳизб”,  қабули аъзо ба сафи ҳизб,  бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани маърифати наврасон, савияи дониши онҳо  андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои содиқона  хизмат кардан ба халқу Ватан ва  корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ  омӯзгороне, ки нав ба кор қабул шудаанд, ба сафи ҲХДТ пазируфта шуда, ба онҳо  нишони сарисинагии ҳизбӣ тақдим карданд.

Дар охир директори Гимназияи давлатии №1 Буттаева Муҳаббат ва коллективи омӯзгорон ба Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён карда, зикр намуданд, ки  пайвастан дар сафи ҳизб ва ҷонибдорӣ аз он  ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа  бароямон шарафи бузург аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg