А.ҶОМӢ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Якуми май»-и кӯчаи Якуми май хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Самадзода Саёҳат шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Х. Мирзоев ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Маҳмадшарифи Ҷ иштирок намуда, оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳали зист, ҷиҳати сазовор таҷлил ва истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар фасли зимистони пешомад суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки сарсабзу хуррам нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азизамон қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи олии пайравӣ аз Пешвои миллат аст.