БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ...

ВАХШ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ «Ферма»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия   бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд. 

Дар чорабинии мазкур мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Неъматов Азизулло ва мудири шубаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Мардонова Сайёра иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан дар қисмати сиёсии  вохӯрӣ  масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаббусҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Ватан, инчунин ба фаъолият оғоз намудани чархаи якуми Нерӯгоҳи оби барқии  Роғун, ки ба хонадони мардум  нуру равшанӣ бахшид, андешаронӣ карда, сокинонро барои расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он,  боз ҳам густариш додани касбу ҳунарҳои мардумӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ  раҳнамоӣ карданд.

Дар охир масъулин  аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ,  ки занону бонувони ҳунарманд бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар  маҳсули  дастони хешро ба маърази дид гузошта буданд, дидан намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg