БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Фаровонии дастурхони шумо мақсади асосии мост!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зироаткорӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Исоев Фаррух тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин атрофи  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ,  хоҷагидорию  кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл  суханронӣ намуданд, қайд карданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамояд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Дар баробари кор дар замин ва ё соҳибкорӣ, инчунин як қатор ҳунарҳои мардум ва корҳои хонагӣ мавҷуд мебошад, ки бо эҳёву рушди онҳо дар ҳар як хонавода, ҷойи кори нав ташкил кардан мумкин аст ва мо ҳизбиён дар ин самт бояд пешоҳангу раҳнамои мардум бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg