БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии ҲХДТ ба сӯи дурахшону пурсаодат ҳидоят кардани шаҳрвандон аст

БАЛҶУВОН. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Файзобод”-и ҷамоати деҳоти Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва  татбиқи Аксияи тарғиботӣ -амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф оид ба китоби “Одобномаи корманди  ҳизбӣ”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  иброз андеша намуда, изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ҲХДТ  ба сӯи дурахшону пурсаодат ҳидоят кардани шаҳрвандон ва рушду пешрафтатар гардидани Ватани азизамон- Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар як шахси ватандӯст  ин содиқона ба халқу давлат хизмат кардан аст.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Муродова Марҷона иштирок  дошта,  қайд намуд, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ, густариш пайдо кардани зуҳуроти асри нав терроризму экстремизм қарор дорем.  Пас мубориза бурдан бар зидди чунин гурӯҳҳо  натанҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, балки вазифаи ҳар як сокини баору номуси Ватан ба ҳисоб меравад.

Ба ин хотир мо таълиму тарбияи фарзандонро  дуруст ба роҳ монем, то ин, ки онҳо  шахсони адолатпешаву  бохирад ва наҷибу инсонпарвар ба воя расида, ҳамчун ҳомиёни дурандеши Ватан ба камол расанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg