БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об муъҷизаи бебаҳои табиат аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Халевард маҳаллаи ба номи Садриддин Айни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар, иштирок намуда, дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки анъанаи неке, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, ин эҳтиром ба табиат ва шинохту қадри неъматҳои табиӣ мебошад. Махсусан ниёгони мо нисбати дарахтон ва обу замин ҳамчун мавҷудоти зинда муносибати нек мекарданд. Ба об андохтани ифлосиҳоро гуноҳ шуморида, «макруҳ аст» мегуфтанд.

Дигар иштирокчиён низ қайд намуданд, ки гузаштагони дурандеши мо баъзан ҷашнҳоро дар гузаргоҳҳо, ба хотири аз зери пойи ҳайвоноту одамон эмин нигоҳ доштани об дарахт мешинонданд. Аз ин рӯ, моро месазад дар ҳифзи муҳити экологӣ саҳм гузошта, ниҳолеро шинонем, ки дар оянда аз он ниҳол одамон ком ширин намоянду аз сояаш барои истироҳат баҳравар гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg