БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони деҳот дастони ҳунарофарӣ доранд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинони маҳал оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва баргузории  чорабинии фарҳангӣ бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан дар қисмати сиёсии вохӯрӣ  масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар рушду нумуи кишвар,  тарғиби тарзи ҳаёти солим,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  ва  моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.

Дар охир дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ бошад, масъулин аз ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои лазизи бонувони деҳот дидан карда, ба маҳорати баланди дӯзандагиву пазанадагии занону бонувони ҳунарманди деҳот баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg