БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи  ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик  бо  омӯзгорону  кормандони муассисаи номбурда дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир  вохӯрӣ  баргузор гардид. 

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин  дар  мавзӯъи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, НОБ-и Роғун, Даҳсолаи байналмилалии  амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ карданд.   

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид   корманди муассисаи номбурда Назаров Ҷойлоб  вобаста  ба огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ, муқовимат бо коррусия ҳамчун  зуҳуроти номатлуби ҷомеа   андешаҳои худро баён карда,  бо ҷонибдории иштирокчиён даъвоҳоии беасоси наҳзатиёнро сахт маҳкум карданд.  

Дар охир   Раҷабзода Маҳмадсаид ва омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ намуданд.

                                                                                                                                                                                                                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg