Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинони маҳаллаи Максим Горькийи ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳия дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №4 вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот иштирок намуда оид сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи номбурда, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ташвику тарғиби тарзи хаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ташкилоту ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористӣ андешарони кард.