БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ниёзе ба андешаҳои “озодандешон”-и бадандеш надорем

ВОКУНИШ. Ваҳдат - беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзӯву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мавқеву мақоми онро дар бисёр мамлакатҳои бурунмарзӣ дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати ягона, соҳибистиқлол, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Миллати тоҷик дар гузаштаи таърихии худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст.Гузаштагони мо ин шикастҳоро паси сар карда марзу буми худро дубора обод сохтанд.

Мо хуб эҳсос менамоем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии дар асри гузашта сарзада, ба чӣ натиҷаҳо ба анҷом расид. Кӣ аз он зарар дид, барои кӣ манфиатовар буд, мардум инро хуб дарк намуданд. Ин ҳодисаҳои нангин дар таърихи Тоҷикистон абадӣ сабт гардиданд. Модарон дигар намехоҳанд бардавом ашк бирезанд, фарзанде аз даст диҳанд.

Имрӯз Тоҷикистон қадамҳои устувори худро барои ҳамкориҳои тарафайн пурқувват карда истодааст. Ҳеҷ як таҳдид ба монанди бадкориҳову бадандешиҳои анҷумане бо ном «озодандешон» ва гурӯҳаке бо ном 24 -и дар давлатҳои хориҷ наметавонанд обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст намояд. Ин ҳама созмонҳо душмани миллатанд. Ҳамаи он баёнияҳои анҷумани бо ном «озодандешон» беасос буда, маром ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонони кишвар ва бадном намуданиҳукумати ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Бояд ин муаммоҳо дар дохили давлат баррасӣ гарданд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад.

Тоҷикистон худ мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣба он равона гардидааст ва тамоми кӯшишу ғайрати худро аввалан барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ ва баъдан баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ равона буда, дар ин самт барномаҳои дурнамо таҳия ва амалӣгардида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойигарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои тоҷикон, Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Мо ҷавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст дихем ва фирефтаи ҳар гуна созмонҳо шавем, ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии қавӣ дорад. Мақсаду мароми мо боз ҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, сархушии ҳамагон мебошад. Ҳаргиз намегузорем, ки як зумраи бадкинон ва хонинони Ватан ба мисли чунин анҷуманҳо ва ин зумра гурӯҳҳои душмани халқ аз боби «адолату ҳақиқате, ки вуҷуд надорад» ақида баён намуда, мардумро, махсусан ҷавононро гумроҳ созанд. Ба гуфтори ин хоинони Ватан бовар накарда, вокуниш нишон медиҳем, бо ақли солим ва рафтору гуфтори оқилона ба сӯи пеш ба ояндаи дурахшон қадам занем, то ин ки Тоҷикистони ягона ва азизи мо дар арсаи байналмилалӣ беш аз беш шукуфону дурахшон гардад.

Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ёғибек НОСИРОВ, ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg