АНДЕША. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минатқавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минатқавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 20 январи соли 2016 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намуданд, ки “Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.
Мушкилии аслии ҷавонони нооҳгоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд. Ҳоло он, ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зиддӣ идеологияи миллии мо, ватани мо, истиқлолияти давлатии мо, мардуми мо ва ҳар як нафари мо равона шудааст.
Барои дарки дурусти хатарҳои тафаккури ифротгароёни динӣ барои идеологияи миллии мо ва умуман барои ватани азизамон чаҳор тезиси умумӣ ба тариқи саволу ҷавоб пешниҳод мегардад:
- Хатари тафаккури ифротгароӣ ба давлатдории миллӣ ва истиқлолияти давлатии мо дар чист?
Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд.
Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар низомномаҳо ва дар маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷойи шаккеро боқӣ намемонад. Масалан:
- ҳаракати ифротгарои Ҳизби таҳрир солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ”-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақилли минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби ин “хилофат” пешбинӣ шудаанд: умуман, таъсиси “хилофат” ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақилли мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ин ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад;
- созмони даҳшатангез ва ифротгарои “Давлати исломӣ” ( ДИИШ) бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад: агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақилли мо, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд.
Ҳамин тавр, ҳаракати имрӯзаи ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил буда, ошкоро мақсад гузоштааст, ки ҳамаи давлатҳои мусулмоннишинро бо зӯрӣ ишғол карда, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои вобаста ба тобеияти худаш дарорад.
- Чаро гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон душмании оштинопазир доранд?
Яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии динӣ, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ, дар он аст, ки ин ҳаракат аз бисёр назар ба миллигароии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои асоснок кардани ҳуқуқи халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон - Абубакри Бағдодӣ, на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии ӯро, балки пеш аз ҳама, гӯё аз қавми араб ва аз аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагони дури ӯро далел овардааст. Дар айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии “арабу аҷам” буда, ба нажоду фарҳанги ориёӣ ҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд.
Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳҳои гуногун идома дошта, гоҳо зери шиорҳои миллӣ, гоҳо зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар зери шиорҳои сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Омӯзиши муҳит ва рӯҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбати мардумони ориёӣ ва ориётабор ҳамвора истилоҳҳои таҳқиромезе чун «маҷусон», «оташпарастон», «рофизиҳо» ва ғайраро истифода намуда, номҳои ориёиро “номҳои маҷусӣ” ва забони тоҷикӣ-форсиро “забони аҳли дузах” меноманд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Хусусан пешвоён ва назариясозони равияи салафияи такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи “бидъат” буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошад, як навъ “ширк” дар ақидаю ибодати мусулмон ба ҳисоб меоянд.
Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии муосири динӣ зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикию форсӣ мебошад.
- Чи гуна гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд?
Дар бораи нафрат ва муносибати бадбинонаи гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ нисбат ба фарҳангу тамаддуни ориёӣ ва нисбат ба ирфону тасаввуфи исломӣ гуфта шуд. Аммо бояд зикр кард, ки нафрат ва бадбинии ин гурӯҳҳо бо фарҳангу тамаддун бо ин хулоса намешавад, балки ин гурӯҳҳо моҳиятан, хусусияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамадун дар ҷанг қарор дошта, чун як нерӯи торикию барбарии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд.
Гарчӣ маҳкум кардани фарҳангу тамаддунҳо дар назария ва таълимоти ин гурӯҳҳо ҷойгоҳи марказӣ дорад, аммо таҷрибаи амалии “ҳокимият”-и онҳо дар нуктаҳои гуногуни ҷаҳони ислом моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доштани онҳоро комилан рӯшан сохтааст. Дар ин масъала метавон ба баъзе мисолҳое рӯ овард, ки дар ҳамин солҳои охир дар пеши чашми тамоми башарият рух доданд:
-Гурӯҳи ифротгарои “Толибон”-и Афғонистон баробари ба ҳокимият расидан дар соли 1996 ба нобудсозии пайвастаи тамоми осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии ҳудуди ин кишвар оғоз намуд. Толибон бойгониҳои таърихӣ ва ҳунарӣ, дастхатҳои чандҳазорсола, ёдгориҳои арзишманд ва осори гаронбаҳои таърихиро аз марказҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо, архивҳо ва осорхонаҳои таърихии Афғонистон берун кашида, онро чун “осори куфру бидъат” бераҳмона нобуд сохтанд. Аз ҷумла, нобудсозии маъбади ҳиндуҳо дар Кобул ва бо тири тӯп ва маводи тарканда пора кардани ёдгориҳои таърихии вилояти Бомиён аз машҳуртарин қадамҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии “Толибон” дар даврони ҳокимияташон ба ҳисоб меравад. Ҷойи зикр аст, ки ёдгориҳои чандҳазорсолаи Балху Бомиён дар замони тамоми подшоҳони гузаштаи исломии Афғонистон, аз ҷумла, дар аҳди Сомониёну Ғазнавиёну Темуриён барпой монданд ва уламои исломии ин сарзамин дар тӯли таърих ба хароб кардани онҳо фатво надоданд, аммо “Толибон” бо моҳияти зиддитамаддунии худ корро аз харобсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуданд.
-Гурӯҳи ифротгарои динии “Боку ҳаром” ва “Аш-шабоб”, ки дар кишварҳои Нигер, Сумолӣ ва Молӣ фаъолият доранд, соли 2011 пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту, бузургтарин ганҷинаи китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африқоро огоҳона хароб карда, бино ва китобҳои онро ба коми оташ кашиданд. Дар ин раванд на танҳо дастхатҳои қадими бостонӣ, балки ҳазорон нусха китобҳои нодири илмии даврони исломӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои нодири таърихи ин кишварҳо ба оташ кашида шуданд.
-Гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минатқаҳои Ироқ ва Сурия, даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамгон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикастанд ва тамоми китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд. Ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт, зеро онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳамчунон ҳифз шуда буд, бо тамоми воситаҳо хароб мекарданд: агар зурашон расад, бо дасту табару зоғнӯлу арра ва агар зӯрашон нарасад, бо тарконидани биноҳову манораҳову ёдгориҳо.
Умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла, аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олтарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафаққат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд. Яъне, фаҳмиши онҳо аз ислом як фаҳмиши дур аз фарҳанг ва дур аз арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як “ислом”-и холӣ, танг, хашин, тира ва торики худро сохтаанд, ки ҳеҷ умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.
Бинобар ин, омадани онҳо ба тамоми арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ таҳдиди нобудӣ меофаранд. Бо омадани онҳо дар ҷомеа дигар барои таърих, тамаддун, илм, огоҳӣ, ҳунар, мусиқӣ, наққошӣ, хушӣ, озодӣ, муҳаббат, зебоӣ ва ғайра ҷой намемонад. Ин аст моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии ифротгароии динии имрӯза. Ин аст, ки ҳар як инсони бофарҳангу ботамаддун ва ҳар як инсони огоҳу озод бояд худаш, шахсан, дар мубориза бо ин офати азим саҳм гирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл, ба ин муборизаи фарҳанг бо бефарҳангӣ ҳамроҳ шавад.
Ифротгароёни навпайдои динӣ, ки асосан пайравони равияи салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ ҳастанд, худи мазҳабро ҳамчун чорчӯби пайравӣ аз ислом эътироф накарда, пайравӣ аз мазҳабро “бидъат” меҳисобанд. Онҳо фақат худашонро пайравони воқеии ислом дониста, тамоми ибодатҳоеро, ки мусулмонон дар доираи мазҳабҳо анҷом медиҳанд, қабул нашуморида, танҳо эътиқод ба тарзи салафигии диндориро дуруст медонанд. Пешвоёни ин равия ҳам дар масъалаҳои ақидатӣ ва ҳам дар масъалаҳои ибодатӣ ин мавқеъро талқин ва таблиғ мекунанд.
Масалан, дар рисолаи «Тавҳид»-и бунёдгузори ваҳҳобият Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва дар рисолаи «Равиши намозгузории Паёмбар(с)»-и Носируддини Албонӣ яке аз пешвоёни асосии салафияи муосир метавон дид, ки чи тавр пешвоёни ифротгароён талош намудаанд, то меъёрҳои мазҳабҳои исломиро нодуруст нишон дода, равиши махсуси салафии худро ба пайравонашон омӯзонанд. Онҳо фақат фаҳмиши худро “исломи ноб” номида, ҳамаи фаҳмишҳои дигарро инкор мекунанд. Пайравони мавҷи нави ифротгароён, яъне пайравони гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бошад, ғайр аз худашон тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто уламои исломии маъруфи оламро кофир эълон карда, қатли онҳоро барои худ раво медонанд ва ғорат карда гирифтани моликият ва зану фарзанди онҳоро барои худ дуруст мешуморанд.
- Чаро пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хиёнат ба ватану миллат ҳисоб мешавад?
Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаркатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Шояд дар зеҳни касе ин савол ба вуҷуд ояд, ки чӣ гуна онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони ватану миллат номидан мумкин аст? Таркиби ҷинояти онҳо чун хоини ватану миллат дар чист?
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди “хилофат”-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, омадани онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақилли мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад!
Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини ватан ва хоини миллат мешавад!
Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо илова бар ин, бо сабаби дар муқобили ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд. Ин аст масъалаи хиёнат ба ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин гуна шахсон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.”
Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи масъала барои ташаккули муносибати оштинопазири онҳо нисбат ба гурӯҳҳои ифротӣ бисёр муҳим мебошад.
Холиқназар Худойбердӣ, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»