
А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба амалишавии ҷадвали хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаву муассисаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли руди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вохӯриву мулоқотҳои судмандро баргузор намуда истодааст.
Вобаста ба ин дирӯз бо сокинони маҳаллаи ба номи Максим Горкийи ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ атрофи масъалаҳои болозикр бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва бо ҷалби васеъи вакилони маҳаллӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.