ЁВОН. Ҳамдигарфаҳмӣ амали нек аст, чунин унвон гирифта буд, Конфронси илмию амалие, ки бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД бо иштироки ҷавонони фаъолон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур директори Маркази пешгирии бемории ВИЧ/СПИД Алифов Ҷаҳонбек иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ атрофи мавзуъи мазкур баромадҳо, мулоизаҳо, намоиши роликҳо ва саҳначаҳои тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ пешниҳод карда шуд.
Воқеан, имрӯзҳо масъалаи бемориҳои сироятӣ аз қабили бемории ВИЧ/СПИД яке аз мушкилотест, ки тамоми аҳли башар бояд дар мубориза алайҳи он бо истифода аз нерӯи ақлонию зеҳнӣ ва ибрози андешаҳои солим якҷо амал намуда, баҳри таъмини солимӣ ва беҳдошти аҳли башар саҳми худро гузоранд.
Инсони комил бо тамоми неъматҳои бебаҳо, аз қабили саломатӣ ҳаёт ва ғайра дуруст муомила карда, онҳоро мувофиқ ба мақсади офариниш истифода менамоянд.