БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кибертерроризм ва хатарҳои он

АНДЕША. Компютеркунонии ҷомеа имкониятҳо медиҳад, ки мафкураи  аҳли ҷомеи имрӯза бой гардида ва барои рушди иқтисодии кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Мафҳуми идора дар иқтисодиёт ва назарияи умумии кибернетикӣ яке аз мавқеъҳои принсипиалиро ишғол менамояд. Онро чунин таъриф додан мумкин аст: идора аз калимаи англисии - control гирифта шуда, вазифаи системаҳои ташкил кардашудаи табиати дилхоҳи техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, биологӣ ва ғайраҳоро доро буда барои амалигардонии гузоришҳои мақсадноки он ва нигоҳдориҳои мақсадноки сохтори ба вай хос равона гардидааст. Аз нуқтаи назари кибернетика идора ба ду қисм ҷудо карда мешавад:

  • коркарди иттилоъ;
  • қабули қарорҳои идоракунӣ.

Мафҳуми кибер (CYBER) - як тарзи истифода бурдани калимаи калидиест, ки ба давраи компютерҳо, Интернет ва технологияҳои рақамӣ алоқаманд аст.

Дар баробари ҳар як навовариҳо ва мувафақиятҳо боз мушкилоте ба пеш меояд, ки ба мо лозим меояд, ки пеши роҳи онро гирем.       

Чихеле, ки маълум аст яке аз мушкилоти ҷомеи имрӯзаи мо ин кибер-ҳамлаҳо мебошад, ки ба компютери мақомотҳо, сомонаи корхона (хусусӣ), почтаи электронӣ, телефонӣ мобилӣ, планшет ва дигар таҷҳизотҳое, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошанд, таҳдид менамояд. Ҳар рӯз  кибер-ҳамлаҳо ба давлатҳо, ширкатҳои бонуфуз ва бонкҳои ҷаҳонӣ рух медиҳад.

Шабакаҳои кушоди иттилоотӣ имрӯза - воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти сиёсатмадорон, соҳибкорон, ташкилотҳои динӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ аст.

Кибер-ҳамлаҳо ба компютер барои ҷаҳони имрӯза хатар ва зиёнҳои зиёде меорад: аз як тараф, ба давлату ҳукумат зарур аст, ки он компютер ва дигар таҷҳизотҳое, ки сири махфӣ доранд, ба шабакаи интернет ё шабакаи дохила пайваст нанамоянд.

Тоҷикистон дар раванди рушди интернет қарор дорад, вале дар ин замина бархе мушкилот миёни кишварҳои минтақа, ИДМ ва Созмони Ҳамкории Шанхай вуҷуд дорад. Азим Иброҳим, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз мавзӯи марбут ба "Идораи интернет дар Осиёи Марказӣ",  ки бо ширкати коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор гашт, гуфт, ки дар маънидод кардани заминаҳои ҳуқуқии киберҷангҳо, киберҳамлаҳо, терроризм ва ифротгароӣ мухолифатҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва даъват кард, ки кишварҳо мавқеи ягона дошта бошанд.

Амнияти кибернетикии Тоҷикистон дар соли 2017 дар кадом сатҳ аст?

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии амнияти кибернетикӣ миёни 193 кишвари ҷаҳон мақоми 91-умро касб кардааст. Дар ин бора Иттифоқи байналмилалии телекоммуникатсионӣ дар гузориши ҷадидаш оид ба амнияти кибернетикӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ аз кишварҳои ИДМ Озарбойҷон нисбатан пешсаф мебошад, ки дар мақоми 48-ум қарор гирифтаст: «Украина дар ҷойи 59, Молдова-73, Қазоқистон-83, Узбекистон-93, Арманистон-97 ва Турманистон дар дар зинаи 132-юм ҷой гирифтаанд».

Ба панҷгонаи амнтарин кишварҳо Сингапур, ИМА, Малайзия, Уммон ва Эстония ворид гардидаанд. Гузоришгарон раддабандиро дар асоси 5 меъёри амнияти кибернетикӣ, аз ҷумла чораҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ, захираҳои рушд ва ҳамкорӣ амалӣ кардаанд. Дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҳамсояҳо аз ҳамлаҳои киберҳуҷумҳо ва вирусҳои паҳнкунанда эмин мебошад. Давлати мо дар самти технологияи компютерӣ ва коммуникатсия, як чанд ихтисосҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳури кушодааст, ки мутахассисони хуб  дар ин самт тайёр мекунанд.

 

Маслиҳатҳои муфид оид ба ҳифзи иттилоот

Пеш аз ҳама аз ҳар як шахсе, ки бо компютер, CD, DVD, флеш-карта, телефон, шабака ва интернет  кор мекунанд, вобастагии калон дорад.

  1. Ҳар як диск ё флэш-картаи худро, ки дар дигар компютер истифода бурда шудааст, ҳатман бояд аз барномаи зиддивирусӣ аз назар гузаронидан лозим аст. Ин навъ барномаҳо на танҳо вирусҳоро кашф, балки онро «сиҳат» мекунанд. Ин ҳолат, махсусан, ба барномаҳои бозиҳо дахл дорад, чунки дар аксар мавридҳо вирусҳо маҳз ба воситаи онҳо паҳн мешаванд;
  2. Ҳамин гуна тафтиш, инчунин дар нисбате файлҳое, ки ба воситаи шабака гирифта шудаанд, гузаронидан зарур аст;
  3. Барномаҳои зиддивирусӣ, аз ҷиҳати маънавӣ хеле тез куҳна мешаванд. Аз ин рӯ, онҳоро мунтазам нав кардан лозим меояд. Давраи нав кардани ин нав барномаҳо аз як ҳафта то чоряки сол аст;
  4. Агар мувофиқи технологияи ҳалли масъалаҳо пешбинӣ нашуда бошад, аз флэш-картаҳо муҳофизатро ҳангоми корҳои ҳаррӯза бардоштан лозим нест;
  5. Ҳангоми кашф кардани (дарёфтани) вирус амалиёту беэҳтиётӣ набояд кард, чунки ин сабаби аз даст додани иттилооте хоҳад шуд, ки онро имкони наҷот додан вуҷуд дошт. Кор нисбатан дуруст дар ин вазъият бо мақсади блокировкаи вирус хомӯш кардани компютер аст. Баъдан ба компютер аз диски системаи амалиётӣ ворид бояд кард. Баъдан, барномаи зиддивирусиро, ки вазифааш на дарёфти файлҳои сироятшуда, балки сиҳат кардани онҳо мебошад, ба кор андохтан лозим аст. Баъдан боз барномаи зиддивирусиро такроран ба кор бояд андохт. Агар ҳамаи амалёт доир ба берун кардани вирусҳо дуруст анҷом бигиранд, натиҷа иттилоъ расидан аст. Ба истифодабарнда аз компютер дар бораи пурра аз байн нест кардани вирусҳо мебошад. Бояд дар назар дошт, ки барномаи зиддивирусӣ аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна нашуда бошад.
  6. Барои эмин нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои электронии корхона аз киберҳуҷумҳо ва вирусҳои компютерӣ ба он кормандоне, ки ғайриихтисос ё компютерро он қадар дуруст намефаҳманд, таълуқ дорад.  Дар ҳолате, ки бо компютер, диски CDDVD, флеш-карта, телефон, шабакаи дохила ва шабакаи интернет кор мекунад, бояд чунин корҳоро иҷро намоянд.

          Имрӯзҳо ҳангоми кор дар шабакаҳо, махсусан ҳангоми истифода аз почтаи электронӣ ба компютер ворид шудани вирусҳо ҳангоми хондани иттилоъ зиёд гардидааст. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат ҳам баъзе қоидаҳои оддиро риоя бояд кард:

  • дар компютер ва дигар таҷҳизотҳои маълумотдиҳандаи иттилоотӣ, барномаҳои зиддивирусӣ шарт ва зарур аст;
  • файлҳои ба нома насб гардидаро, дар сурати дар ин бора мавҷуд набудани гуфтугӯи пешакӣ онро аз барномаи зидди вирусӣ гузарониданамон лозим аст;
  • дар сурати холӣ будани дохили нома ва худи нома файлҳои ба он насбгардидаро кушодан лозим нест;
  • ҳамаи номаҳои шубҳанокро хориҷ бояд кард;
  • ҳангоми дар муддатӣ тулонӣ ба кор машғул набудан, қабули ҳар гуна иттилоъ фиристондашавандаи электронӣ қатъ кардан лозим аст.

Барои пешгири бо вирусҳои компютерӣ, кибер-ҳамлаҳо, киберҷинояткорӣ, аз ҳаргуна имкониятҳо истифода намоем.

Пажӯҳиши навбатии "Rapid7"

Аммо ширкати "Rapid7" Тоҷикистонро аз лиҳози осебпазирии компютерҳояш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷои дувум гузоштааст.

"Rapid7", як ширкати амрикоӣ, ки ба таҳқиқи масоили амнияти Интернет ва низомҳои компютерӣ машғул аст, бо нашри натиҷаҳои пажӯҳиши навбатиаш Белгия, Тоҷикистон ва Самоа – ҷазиракишваре дар уқёнуси Оромро се кишвари аз ҳама осебпазири дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ном бурд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти “Rapid7“, ки таҳти номи “National Exposure Index” (“Индекси осебпазирии кишварҳо”) нашр шуд, сеяки тамоми шабакаҳои электронии Белгияву Тоҷикистон ва Самоа амну ҳифозатшуда нест.

Муҳаққиқони "Rapid7" барои анҷоми ин таҳқиқот аз тариқи тарҳи “Sonar”, ки IP-адресҳо ва компютерҳои бандар (порт)-и вурудашон бозро пайгирӣ мекунад, даҳҳо миллион компютер дар беш аз 180 кишвари дунёро аз лиҳози сатҳи ҳифозаташон аз ҳамлаҳои ҳакерӣ омӯхтаанд. Онҳо барои санҷидани сатҳи осебпазирии компютерҳо як роҳи хеле осону соддаро пеш гирифта, ба соҳиби ин компютерҳо дархост фиристодаанд, ки сомонаи онҳоро бипазирад. Дар натиҷа, онҳо тавонистаанд ба дастикам 4,7 миллион компютер аз тариқи бандари ТСП-порт 443, ки махсуси омӯхтани сомонаҳо ва код задани маълумотҳост, ворид шаванд.

Ин таҳқиқот барои анҷоми ҳамлаҳои ҳакерӣ хеле осебпазир будани бандарҳое, чун FTP ва Telnet-ро зикр мекунад ва мегӯяд, як далели аслии чунин сатҳи баланди осебпазирӣ ба масоили амнияти низомҳои электрониашон аҳамияти чандоне қоил нашудани давлатҳост.

Бархе аз шабоҳатҳои Интернети имрӯзаро бо Интернети соли 1996, яъне 20 соли пеш нишон медиҳем. Мо тавонистем васоили дастрасӣ ба Интернетро хеле навсозӣ кунем ва нархи Интернетро ҳам хеле пойин барем. Вале мо ҳамчунон дар масъалаи пайкарбандӣ (конфигуратсия) то ҳол ба ҳамон иштибоҳҳои хатарноки қаблӣ роҳ медиҳем, ки моро дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир нигоҳ медорад.

Як аз далели аслии осебпазирии компютерҳои Тоҷикистон дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ё вирусӣ камбуди иқтисодист. Барои расидан ба амнияти сатҳаш баланд бояд чунин проблемаҳоро иҷро кард:

  1.  Барои эмин нигоҳ доштани маълумотҳои электронӣ каме маблағ харҷ кард;
  2.  Таҷҳизоти нав ба монандиРоутер;
  3.  файролл гирифтан лозим аст;
  4.  Мутахассисони хуби барномасоз ва IT  тайёр ва тарбия кардан;

Ширкате, ки мехоҳад шабакаи электрониаш як сатҳи баланди амниятиро дошта бошад, бояд мутахассисони варзидаро ба кор қабул намояд. Вале чунин мутахассисон бо маблағи кам кор намекунанд. Теъдоди чунин мутахассисони кордони хуб кам аст. Бархе ширкатҳои Тоҷикистон ин имконро доранд, вале мутаассифона, на ҳамаашон.

Ҳакерҳо аксаран бо истифода аз протоколҳои кушод ва бидуни муҳофизат ба сомонаҳову компютерҳои инфиродӣ даст меёбанд: Ин аз ҷиҳати фаннӣ ду паҳлуе дорад, ки аз ширкатҳои интернетрасон ва худи корбарон вобастагии зич дорад. Мисол таҷҳизот, барнома ва ё технологияе, ки ширкатҳои интернетрасон имрӯз истифода мебаранд, чандон ҷавобгӯи талаботи замона нест. Чунин барномаҳову фанновариҳо нархи баланд доранд. Аз сӯи дигар, корбарон аз барномаҳои шикаста ва ё сатҳи бехатариашон паст истифода мебаранд. Он системаҳои омилие, ки дар аксари компютерҳои мо насб шудааст, худ дар асл шикастаи барномаи аслист, ки дар бозору мағозаҳо бо нархи арзон фурӯхта мешаванд.

Асосан сомонаҳое, ки низоми амниятиашон дар сатҳи паст сохта шудааст, шикаста мешаванд. Чунини сомонаҳоро, сомонаҳои оддӣ мегуянд. Осебпазирии низоми электронии Тоҷикистонро бастаи чанд мушкил - гарон будани нархи барномаҳо ва технологияҳои сайбер-бехатарӣ, истифода аз барномахои шикаста, норасогии мутахассисони барҷастаи маҳаллӣ, гарон будани нархи хизматрасонӣ, паст будани назорати сифат мебошад.

Вазъи имрӯзаи амнияти иттилоотӣ метавонад барои иқтисоди ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддие дошта бошанд ва фаъолияти зербинои Интернет бояд бозбинӣ шавад. Дар баробари кишварҳои заифтаре, аз ҳисоби ҳамлаҳои ҳакерӣ чун Тоҷикистону Самоа (ҷойҳои 2 ва 3) ё Ҷумҳурии Доминикан ва Афғонистон (ҷойҳои 7 ва 8-ум) дар феҳрасти кишварҳои дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир ҳузур доштани кишварҳои тавоное, ба мисли Белгия (ҷои аввал), Австралия, Чин ва Ҳонконг (ҷойҳои 4-6), Фаронсаву Амрико (12 ва 13), Ҷопон(16), Русия(19) ва Бритониё (зинаи 23)-ро зикр мекунанд ва мегӯянд, пешрафтҳои иқтисодиву фаннии кишвар ҳанӯз ба маънои таъмини амнияти шабакаҳои электрониаш аз ҳамлаҳои ҳакерӣ нест. Белгия, ки бо вуҷуди мизбонии дафтарҳои марказии созмонҳои бузурге, чун Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО, мақоми осебпазиртарин кишвари дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакериро ба худ ихтисос додааст, алакай чандин бор тӯъмаи ҳамлаҳои кибернетикӣ шудааст. Дар пайи ҳамлаҳои террористӣ, ки дар метро ва фурудгоҳи Брюссел, як гурӯҳи ҳакерҳо бо номи Down-Sec бо талаби истеъфои сарвазири БелгияШарл Мишел сомонаи расмии ӯро дар Интернет ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар моҳи март сомонаҳои дигари ҳукумати Белгия низ дучори ҳамлаҳаои ҳакерӣ шуданд.

Сомонаҳои интернетии идораҳои давлатии Тоҷикистон низ зиёд мавриди “таваҷҷӯҳ”-и ҳакерҳо қарор мегиранд, вале бештар ба далели саддҳои заифи ҳифозатиашон, калидвожаҳои онҳоро мешикананд. Аз ҷумла, ҳакерҳо рӯзи 14 январи соли равон maorif.tj –сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ҳадаф қарор доданд. Баъди “юриш”-и ҳакерҳо дар ин сомона ба ҷои иттилооти расмии вазорат, аксҳо ва суруд(ношид)-и созмони тундрави мазҳабии "Ҷундуллоҳ" ва матне бо номи “Паёми Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис ба давлат ва мардуми Русия" зоҳир шуд. Дар ин паём аз давлати Русия талаб мешуд, ки ба пуштибонӣ аз “давлати ҷиноии Башор Асад” ва куштори занону кӯдакон хотима дода, нерӯҳояшро аз Сурия берун бикашад. Ҳамин тавр, рӯзи 13 моҳи январи соли 2015tajembfrance.fr/ - сомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд. Ин ҳодиса дар пайи ҳамлаи террористии пурқурбонӣ ба идораи нашрияи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” дар шаҳри Порис иттифоқ уфтод ва дар саҳифаи асосии сомона ҳамлагарон шиори “Op France Musulman Еt je Рas Charli” (“Ман мусулмонам, на Шарли!)-ро овехтанд.

Баъди ҳамлаҳои рӯзҳои 7-9 январ дар Порис ва атрофи он, ки 17 кушта ба ҷо гузошт, дар саросари Аврупо мавҷи раҳпаймоиҳои тарафдорони озодии баён таҳти шиори “Ман Шарлиам” доир шуд. Ва ҳакерҳо зоҳиран бо насби шиори баракс дар сомонаи ҳамлашудаи сафорати Тоҷикистон мехостанд, мухолифати худ ба ин изҳори ҳамраъйӣ бо хабарнигорони кушташударо баён кунанд.

          Маълум аст, дар суръате, ки вирус ё ҳакер ба Тоҷкистон ворид шуд, мутахассисони IT ба зудӣ ҳамдигарро хабардор мекунанд. Ё ин ки дар сомонаҳои давлатӣ эълон менамоянд, ки чунин вирус ё ҳакер ба Тоҷкистон ворид шудааст, маслиҳатҳои мушахас медиҳанд. Вале як сохтори расмӣ, ки ба ҳамоҳангсозад, амалан вуҷуд надорад.

Фаъолияти риштаҳои мухобиротии Тоҷикистон, бо шумули фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасони ин кишвар ва ҳамчунин, масъулияти таъмини амнияти иттилоотии низоми электронии ин кишварро Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди расми аст, ки вобастаи ин корҳо мебошад.

Таҳдидҳо ба системаи силоҳи ҳастаӣ

Компютеркунонии ҷомеаи ҷаҳони барои хизматрасонӣ, осон намудани кори инсон, рушд кардани ҷомеаи имрӯза ва ғайраҳо нақшагирӣ карда шудааст. Дар баробари ин пешравиҳо, боз мушкилоте пеш меояд, ки аз тарафи мо инсонҳо ин мушкилот эҷод шудааст. Системаҳои амниятӣ ба таври назаррас дар соҳаи технологияи иттилоотӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ин бо он хотир аст, ки хатари ҳамлаҳои шабакавӣ ё инфиродӣ бар зидди тамоми он корхонаҳое, ки бо таҷҳизотҳои замонавӣ, қувваҳои ядроӣ ва системаҳои силоҳи ҳастаӣ равона шудааст.

Дар асоси тадқиқотҳо гуфта мешавад, ки он давлатҳои абарқудрате, ки силоҳи ҳастаӣ ва ё химиявӣ доранд, эҳтимолияти аз тарафи киберҷинояткорон ба ҳамлаҳои киберӣ қарор бигиранд.

Идоракунии муосири корхонаҳои кимиёвӣ, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ва дигар сохторҳои муҳими ба ҳаминҳо монанд, таҳти шикастани ҳакерҳои ҷинояткор ё ҳамла харобкор қарор мегиранд. Аз тарафи дигар, ба инфрасохтори иттилоотӣ, захираҳои стратегӣ, ки  таваҷҷӯҳи доимӣ доранд, аз назар дурр нест.

Таъмини амният ва эътимод дар идоракунии системаҳои ядроӣ ҳамеша бо хатарҳо ва номуайянӣ оварда мерасонад. Бо кибер-ҳамлаҳо ё ниқобҳои нав ва таҳдидҳои эҳтимолӣ алоқаманд, аз он ҷумла аз тарафи ҳакерҳо хостори ба даст овардани дастрасӣ ба системаи силоҳи ҳастаӣ ва ё барои худ истифодаи силоҳи ҳастаиро таҷриба мегузаронанд.

Амният ва эътимоднокии фармондеҳӣ ва назорати силоҳи ҳастаӣ аз тарафи киберҷинояткорон ба пайдоиши мушкилоти нав дар соҳаи амнияти иттилоотӣ расонида, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва таъмини низоми сиррӣ нисбат ба технологияҳои стратегӣ ҳастаӣ, масъалаҳои истеҳсоли яроқи стратегӣ, ва барои таъмини амният киберҷинояткорӣ иншооти ҳастаӣ ҳадафи асосист.

 

Вируси Петия ҷаҳонро таҳдид мекунад?

Дар шабакаи интернети вируси компютерӣ бо номи «Petya» паҳн шуда истодааст. Ин вирус яке аз вирусҳои хатарнокияш дар сатҳи баланд қарор дорад. Ин вирус яке аз дигаргунии барномаи хатарноки «WannaCry» буда, маълумоти дар компютери сироятшударо ба рамзҳо табдил медиҳад ва барқароркунии маълумотро ғайриимкон менамояд. Роҳи асосии паҳншаваии ин вирус, почтаи электронӣ мебошад. Бинобар ин ба таваҷуҳи истифодабарандагони интернет расонида мешавад, ки мактубҳои шахсони бегона ва файлҳое, ки дар он мактубҳо ҷойгир шудаанд, накушоянд. Аз почтаи электронӣ нест созанд ва саривақт ва барномаҳои зидди вирусиро навсозӣ кунанд.

Ҳуҷумҳои вирусҳои шабакавӣ ба сомонаи иҷтимоии Фейсбук

Вирусҳои шабакавӣ дар бахши тоҷикии Фейсбук рӯзҳои охир зиёд паҳн шудааст ва он аз номи дӯстон дар шакли пайванди видеоӣ ба дигарон равона мешавад. Ба корбарони Фейсбук маслиҳат дода мешавад, ки пайвандҳои шубҳанокро, ки аз номи дӯстон ворид мешаванд, накушоянд ва калидвожаҳояшонро иваз намоянд. Дар ҳолати нофаҳми ба мутахассиси бахши техникаи электронии муассиса муроҷиат намоянад.

Рахнагарои  байни давлатҳои абарқудрат

Сенати Амрико дар умури нерӯҳои мусаллаҳ ҷаласаи дахолати эҳтимолии рахнагарони Русия ба ҷараёни интихоботи президентии ИМА ба баррасӣ гирифт.

Ҷон Маккейн гуфта аст, ки ИМА бояд ба фаъолияти президенти Русия Владимир Путин алайҳи Амрико, алайҳи ҳамсояҳои Русия, амалҳои душманона алайҳи Украина ва ишғоли Қрим посухи таъсирбахш диҳад.

У гуфт буд, ки душманони Амрико ба натиҷае расиданд, ки мукофоти ҳамлаҳои рахнагарона алайҳи кишвар риски онро тавҷеҳ мекунад. Маккейн аз Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ ҳамчун "душманон"-е ном бурда аст, ки бар зидди Амрико ҳамлаҳои рахнагарона анҷом медиҳанд.

Сенатори демократ Ҷек Рид дар суханронии худ гуфт буд, ки ҳукумати Русия на танҳо дар шикастани почтаҳои электронии Ҳизби Демократи Амрико иштирок дошт, балки барои гумроҳ кардани мардуми Амрико ва халал ворид кардан ба равандҳои демократии Амрико хабарҳои бардурӯғ пахш кард.

Раҳбари истихбороти миллии Амрико Ҷеймс Клеппер ва дигар мақомоти баландпояи истихборот гуфтанд, ки Кремл дар фазои киберӣ хатти таҳоҷумиро пеш гирифта, ташкилотҳои давлатӣ, марказҳои зеҳнӣ, созмонҳои сиёсӣ ва ширкатҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Инчунин Клеппер гуфта буд, ки бар иловаи гузорише, ки президент мегирад, идораҳои истихборот гузориши дигареро омода мекунанд, ки ба он маълумоти сиррӣ ворид намешаванд, аммо ба сурати умум табиати таҳдидҳо ва мушкилотро боз мекунанд.

Русия аз Трамп пуштибонӣ кардааст ё не?

Раёсати хадамоти истихбороти Амрико аз хулосаи мутахасисони Идораи Марказии Истихборот (ЦРУ), ки мегӯянд ҳадафи кибер-ҳамлаҳо ба Амрико ҷонибдорӣ аз номзадии Доналд Трамп пуштибонӣ намекунанд.

Идораи истихбороти миллӣ ин натиҷагириро, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ ба системаи компютерии Амрико аз Русия ворид шудаанд, рад намекунад, аммо бинобар надоштани маълумоти дақиқ наметавонад дар бораи ҳадафи ҳамлаҳо хулоса барорад.

Хабарҳои ғайрирасмӣ, ки истихборот ҳадафи ҳамлаҳои ҳакерии Русияро пуштибонӣ аз Доналд Трамп хулоса кардааст, даъватҳоеро барои бозҷӯии вежаи порлумонӣ ба миён овард. Аммо президенти мунтахаб ҳақиқати хулосаи Идораи истихборотро дар мавриди кӯшишҳои Русия барои таъсиргузорӣ ба натиҷаи интихоботи Амрико зери суол бурд ва онро "масхаромез" унвон кард.

Ҳамлаи киберӣ ба бонкҳои Русия

Идораи амниятии Федеролии Русия (ФСБ)  мегӯяд, ки "хадамоти махсуси хориҷӣ" бо ҳадафи баҳам задани эътидол дар сохтори молӣ ва кори бонкҳо ҳамлаи кибериро алайҳи Русия тарҳрезӣ карданд.

Ин ҳамла бояд 5 декабр оғоз мешуд ва сервере, ки бояд ин ҳамларо пеш мебурд дар Ҳолланд буда ба ширкати украинии BlazingFast таалуқ дорад.

Гуфта мешавад, ки гӯё ин кибер-ҳамла маводеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва СМС-ҳоро пахш мекард, ки аз лағви муҷавизи бонкҳои Русия хабар медоданд.

Нашрияи "Коммерсант" навишт, ки як бонки Русия дар пайи ҳамлаи ҳакерӣ 100 миллион рублро аз даст додааст.

Ҷилавгирии  Кохи Сафед аз Русия

Палатаи намояндагони Амрико барои ҷилавгирӣ аз таъсиргузории Русия ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои сиёсӣ тарҳи қонунро дар бораи таъсиси як сохтори нав ба тасвиб расонд.

Аксари намояндагони Конгресс, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо ба пуштибонӣ аз ин тарҳ райъ доданд.

Ба ин гуруҳи вежаи байни идоравӣ бояд намояндагони Хадамоти махсуси Амрико шомил шаванд. Ҳадафи сохтори нав муқовимат ба кушишҳои Русия ҷиҳати таъсиргузорӣ ба шахсони алоҳида ва ҳукуматҳо гуфта шудааст. Аз ҷумла, пахши хабарҳои ғайри қобили эътимод, фасодкорӣ, фаъолияти "агентҳои таъсиргузор"-и рус, ҳамчунин "теророр ва кушторҳои фармоишӣ, ки элитаи сиёсии Русия, хадамоти махсуси ин кишвар ва дастнишондаҳои онҳо анҷом медиҳанд."

Хадамоти махсуси Амрико дар ин авохир борҳо дар бораи талоши Русия барои таъсиргузорӣ ба равандҳои сиёсии ИМА, ҳам бо роҳи таблиғот ва ҳам аз тариқи кибер-ҳамлаҳо гузориш додааст.

Миллиард евро барои эмин нигоҳ доштани таҷҳизотҳои техникӣ!

Иттиҳоди Аврупо барнома дорад, ки барои сармоягузории тарҳҳои дифоӣ, бо шумули тарҳи ҳавопаймоҳои бесарнишин, рушди кибер-амният ва технологияҳои кайҳонӣ Бунёди махсус таъсис диҳад.

Брюссел ин тадобирро дар пасманзари интихоби Доналд Трамп ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико ва ташаннуҷи вазъи амниятӣ рӯи даст гирифтааст. Пешниҳод шудааст, ки бунёди бисёрмиллиардӣ тарҳҳои муштарак ва бозсохти маҷмааи саноати низомиро сармоягузорӣ кунад.

То интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур Трамп дар бораи коҳиши харҷҳои низомӣ ба шарикони Амрико дар НАТО изҳорот дода буд. Ӯ борҳо аз кишварҳои Аврупо даъват кард, ки саҳми худро дар буҷаи Паймони Атлантикаи Шимолӣ бештар кунанд.

Рахнагари сайтҳои Амрико дар Прага боздошт шуд

Чехия як шаҳрванди Русияро бо гумони кибер-ҳамлаҳо ба сомонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошт кард. Кормандони шӯъбаи тафтишоти пулиси ҷиноии Чехия амалиётро дар ҳамдастӣ бо Бюрои федеролии тафтишоти Амрико - FBI анҷом доданд. Қарори боздошти ин шаҳрванди Русияро додгоҳи шарҳи Прага содир кардааст. Чех бояд масъалаи истирдоди гумонбари ҳамлаҳои "ҳакерӣ"-ро бо Амрико баррасӣ кунад.

Аввалҳои моҳи октябр ҳукумати Амрико Русияро расман ба даст доштан дар ҳамлаҳои "ҳакерӣ" ба Ҳизби демократ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ муттаҳам кард. Амрико гуфт, сухан аз нашри муҳтавои мукотибаи электронии сиёсатмадорони амрикоӣ дар сомонаҳои DCLeaks ва WikiLeaks аст. Маскав иттиҳомро рад карда, гуфт, ки инҳо ҳама  "гапи беҳуда" мебошанд.

Истихборот ҳуввияти русҳои ҳамкори Wikileaks-ро маълум кард

Хадамоти истихбороти Амрико ҳуввияти русҳоеро, ки пайғомҳои электронии ситоди Ҳизби Демократро, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба Wikileaks додаанд, маълум кард. Шабакаи телевизонии ИМА бо номи CNN номи русҳоеро, ки ба гуфтаи истихборот ба дахолат дар умури интихобот даст доранд, ошкор накард. Гуфта мешавад, ки E-mail-ҳоро аз серверҳои рахнашудаи Ҳизби Демократ ба Wikileaks додаанд. Бунёдгузори Wikileaks Ҷулиан Ассанҷ иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳукумати Русияро рад мекунад.

 

Вирусро "метавонад як кӯдак ҳам" анҷом диҳад

Муҳаққиқон ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чӣ кибер-ҳамлаи азими ахирро анҷом додааст, вале аз назари як мутахассиси Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳамлаҳои ҳакерӣ, даромади пулӣ ҳадафи аслӣ набуд. Нейл Волш, раиси барномаи ҷаҳонии киберҷиноятҳои СММ дар шаҳри Вена гуфт, вируси ахиран паҳншуда назар ба Wanna Cry хеле фарқ мекунад. Вай гуфт, рахнагарон барои ҷамъоварии маблағи осебдидагони вирус танҳо як адресии мейлӣ дар системаи Bitcoins-ро ишора кардаанд, ки баста шудани он аз ҷониби танҳо як провайдер хеле осон аст. Вай гуфт, ки зоҳиран ҳамлагарон таҷрибаи нокофӣ доранд ва дар кори рахнагарӣ ғайри касбӣ мебошанд. Вай гуфт, ин корро “як кӯдак ҳам метавонист анҷом диҳад”.

Компютерҳои ширкати гумонбар дар пахши вирус мусодира шуд

Дар Украина як гурӯҳ киберҷинояткорон, ки серверҳои компютерҳои як ширкати хурдро мусодира кард, ки дар дохили он ба истилоҳ “фаъолиятҳои нав” сабт шуд.

Ширкати нармафзори соҳаи андоз M.E. Doc аз назари эҳтимоли хориҷ шудани вирус санҷида шуд, гуфт мешавад, ки ин ширкат зоҳиран барои пахши навбатии вируси харобкор омодагӣ медид. Аммо мутахассисон сари вақт пеши роҳи ин амалро гирифта тавонистанд.

То ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр рахнагарон ҳамоно ба сервери ширкати M.E. Doc дастрасӣ доранд. Ширкати мазкур ҳоло аз назари паҳн кардани вируси харобкоре, ки кори бонку банкоматҳо ва истгоҳҳои сузишвори дар Украина масдуд кардааст, санҷида мешавад.

ИМА маҳсулотҳои  «Касперский Лаборатория»-ро дар қаламрави худ манъ кард.

Департаменти Амнияти Миллии ИМА аз шуъбаҳои ҳукуматӣ ва агентиҳо талаб мекунад, ки ҳамаи нармафзори «Касперский Лаборатория» -ро аз системаҳои компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ нест кунанд.

Идораи Марказии Истихборот (ЦРУ), мегӯяд, ки барномаи зиддивирусии  «Касперский Лаборатория»-ро барои давлат ва корхонаҳои ИМА хавуф дорад. Раёсати амнияти дохилӣ (ТТД), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳамаи мақомоти давлатӣ кишвар супориш дод, ки баронмаи зиддивирусии  «Касперский Лаборатория»-ро дар давоми 90 рӯз аз компютерҳояшон хориҷ намоянд.  Идораи Марказии Истихборот (ЦРУ), мегӯяд, ки барномаи зиддивирусии   «Касперский Лаборатория»-ро бинобар сабаби шубҳа ҷосусӣ доштанаш аз қаламарави ИМА хориҷ карда мешавад. Инчунин "ВАО:" Департаменти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки маҳсулоти  «Касперский Лаборатория» таҳдиди амниятӣ ба ИМА-ро доранд ".  Ин ҳама дар ҳошияти интихоботи президенти дар ИМА рух дода истодааст.

Барномаи зиддивирусии   «Касперский Лаборатория» дар саросари ҷаҳон зиёда аз 400 миллион муштарӣ дорад, ки бисёри онҳо дар қаламрави ИМА ва ИА мебошанд.

Аз ин, далелҳо ва мислоҳо дида мешавад, ки дар замони рушди босуръат ва бемайлони технологияи иттилотию коммуникатсионӣ хатарҳо ва ҳуҷумҳои киберӣ ҳамарӯза дида мешаванд.  Кишвари мо низ аз ин хатарҳо эмин буда наметавонад.

Аз ин рӯ, барои наҷот додани  ҳамлаҳои интернетӣ ҳангоми кор бо компютер, ноутбук, планшет, айфон, ё смартфон, мо бояд системаҳои таҷҳизотҳоро аз интернет навсозӣ ва беҳтар созем. Амният ин имтиёз нест, ин ҳуқуқи мо аст. Аз ин рӯ, мо бояд тавсияҳои зеринро барои муҳофизати таҷҳизотҳои техникии худ истифода карда тавонем:

Бинобар ин:

  1. Ба таври мунтазам системаи оператсионии таҷҳизотҳои худро барои эмин нигоҳ доштани маълумотҳо навсозӣ кунем;
  2. Барномаи зиддивирусии таҷҳизоти худро навсозӣ намоед.
  3. Ҳар таҷҳизоте, ки дар компютератон васл ё пайваст мекунед, ҳатман аз барномаи зиддивирусӣ гузаронидан ё тафтиш намудан лозим меояд.
  4. Ҳуҷҷатҳое, ки бо форматҳои .com , .exe мебошанд, накушода ба мутахассиси соҳаи теникии муассиса муроҷиат намоед;
  5. Флеш-карта ё диски сахти берунаро дар компютерҳои бегона баъди пурсиш оид ба доштани барномаи зиддивирусӣ, истифода бурдан лозим аст;
  6. Ба нуқтаҳои бегонаи дастрасии бесими WiFi пайваст намудани таҷҳизотҳоятонро маслиҳат намедиҳам;
  7. Маълумотҳои электроние, ки тавассути почтаи электронӣ шахсони номаълум фиристодаан, онро накушода аз почта нест созед;
  8. Барои муҳофизат кардани дастгоҳи шумо, гузарвожаро истифода баред, одатан ин барои пешгирӣ кардани истифодаи маълумоти дар телефони шумо монеъ мебошад.
  9. Баъд аз истифодаи Bluetooth онро хомӯш кунед. Ин роҳи дигарест, ки барномаҳои номаълум ва вирусҳо метавонанд ба телефони мобилӣ ё дигар таҷҳизотҳои техникии шумо ворид шаванд;
  10. Фаромӯш накунед, ки сайтҳои хусусан молиявӣ бештар вирусҳои гузаранда доранд;
  11. Вақте ки шумо вебсайтро (бахусус молия) ташвиқ мекунед, боварӣ ҳосил кунед, ки "https" дар варақаи адрес пайдо мешавад, ки ин пайвастшавиро бехатар аст.
  12. Маслиҳат дода мешавад, ки он таҷҳизотҳое, ки доред, онро парол гузоред, агар дошта бошад, дар ду моҳ як маротиба паролӣ онро иваз намоед;
  13. Нармафзори мобилии вирусӣ бо телефони шумо бо истифодаи бехатар ва боэътимод таъмин хоҳад шуд ва маълумоти шахсии шуморо муҳофизат мекунад. Ин беҳтарин ва муҳимтарин аст.
  14. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ҳамеша аз таҷҳизотҳои техникии худро бо барномаҳои зиддивирусӣ таъмин кардааед ва дилхоҳ таҷҳизоти овардашударо аз ин барнома мегузаронед.

Салим ГАДОЕВ, коршиноси масоили амниятӣ-иттилоотӣ

(Бознашр аз китоби "Ҷавонон пайрави Эмомалӣ Раҳмон")

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg