БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Манфиатҳои миллии тоҷикон болотар аз дигар манфиатҳост

АНДЕША. Сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи  хештаншиносии мардум, ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.

Миллати тоҷик дар саргузашти таърихии худ борҳо ба рӯзгорони ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои давлатдорӣ гаштааст. Яке аз шикастҳои муҳлики тоҷикону эронитаборон, ҳамалаи Искандари Макдуни ба сарзаминашон буд. Искандар ҳама сарватҳои ин сарзаминро ғорат карда ба Юнон бурд. Ҳатто китоби муқаддаси тоҷикон «Авасто» ро рабуда, он бахшҳоеро ки ба илму фановарӣ пайвастагӣ дошт гирифт ва бахшҳои оҳанги тарбияи милливу ватанпарасти доштаашро ба оташ афканд.

Гузаштагони мо ин шикастро паси сар карда, марзу буми худро дубора обод сохтанд. Аммо аз ин ҳам шикасти пурзӯртару муҳликтари миллати мо ҳамлаи араб буд, ки тоҷикон дер боз натавонистанд, захмҳои хунбори ба боровардаи онҳоро дармон бибахшанд. Ҳамлаи араб ба сарзамини тоҷикон ва кушту кушторҳои бешумори мардумон як паҳлӯи ин шикаст буд ва шикасти  пурхатар дар он буд, ки араб ҳадаф дошт ба воситаи густариши дин, забону фарҳанг ва андешаи миллии тоҷиконро аз байн бибарад. Онҳо дар ин  талошҳои худ борҳо комёб гашта буданд. Ҳамон гуна ки кишварҳои Миср, Сурия, Уммонро забт карда, номҳои ин кишварҳоро, забону фарҳангашонро арабӣ сохтанд. (Имрӯз дигар забонҳои мисриву суриёнӣ вуҷуд надошта, ба гурӯҳӣ забонҳои мурда дохил мебошанд.) Яъне  нахуст бар асари   таблиғоти бартарии забони ишғолгарон аз забони мардумони маҳаллӣ ва ҷорӣ кардани ҷизя (ҷарима) – андозҳои калон, барои надонистани забони арабӣ, забони модариашон ааз миён рафта, забони арабиро пазируфтанд. Гузашта аз ин андешарониҳои мардумони кишварҳои номбурда  комилан арабӣ гаштанд. Бад – ин тартиб тафаккури миллӣ аз байн бардошта шуда, миллат ба чоҳи худноогоҳии миллӣ афтида, биноии худро аз даст рафтааст.

Ҳамин заъфи ҳуввияти миллӣ, ё надоштани андешаҳои миллӣ, яъне аз ёд рабудани хотираи таърихӣ буд, ки тоҷикону эронитаборон пайваста дар рӯ ба рӯи ҳамлаварони бодиянишини муғулӣ ва туркӣ муқовимат карда натавониста, марзу бумҳои худро аз даст доданд.

Пажӯҳишгарон бо кундуковҳои таҳлилии худ  сабабҳои бохтҳои гузаштаи тоҷиконро баррасӣ намуда, дарёфтаанд, ки бегонагони бадкирдор ва асолатбохтагону фурӯхташудагони худӣ аз роҳи ба ҳам муқобил бознамоёндани пайвандгоҳи арзишҳои асили миллӣ ва боварҳои динӣ борҳо мардуми моро ба ҳамдигарситезиҳо водошта, ба пайкари миллат шикастҳои маргбор ворид кардаанд.Чунин буд замони ҳамлаҳои тозиёну турку муғул, ки яке бо ҳангомаҳову баҳонаҳои диноварӣ, дигаре «ғазаби худоро» дар симои ҳамлаварон дидану, мардумро аз бархостан дар рӯбарӯи душманон боздошта, зимоми давлатдориро ба дасти бегонагон доданд. Чуноне доноён огоҳанд, дар замони ҳозир экстремизми сиёсӣ, бар пояҳои идеологияи ислом беш аз пеш густариш меёбад, ки дар фаъолиятҳои хеш усулҳои ифротӣ, ё томгароии муборизаи сиёсиро ба кор мебаранд. Ифротгароёни ашад асарҳои бешуморе навишта, мусалмононро бо номи ҷиҳод бар зидди ғайримусалмонон бармеангезанд ва мехоҳанд ақидаҳои ифротгароиро тобиши илмӣ бибахшанд. Асарҳои онҳо унвонии «Ба корвон бипайвандед», «Интиҳориён – худкушон ин маводи сохтмонии ислом мебошанд», «Мо ба ҷиҳод эҳтиёҷ дорем» ва монанди он мусалмононро ба муборизаҳои бераҳмона зидди ғайримусалмонон ва ба пиндори худашон «мушрикони дин» даъват мекунад.

Дар марҳилаи кунунӣ экстремизми исломӣ пайваста тобишҳои нав ба нав ба худ касб карда, кайҳост омили равшани сиёсати ҷаҳонӣ гаштааст. Ҳадафҳои асосии ифротгароёни исломӣ дар ҷомеа бунёд намудани пояҳои давлати теократӣ (динӣ), ҷорӣ кардани меъёрҳо (нормаҳои) шариат ва барқарор сохтани хилофат, ҳамчун  сохтори ягонаи давлатдории мусалмонони саросари ҷаҳон мебошад. Мо дар рӯзгори имрӯз бо чашми худ мебинем, ки исломи радикалӣ чӣ гуна  кишвари ҳамҷаворамон Афғонистонро ба нокомиҳои хунин гирифтор кардааст. Ифротгароии исломӣ дар Афғонистон як насли пурраи «афғонони арабӣ» ро эҷод кард, ки минбаъд поягузорони тамоми дастаҳои террористии исломӣ, аз ҷумла Ал – Қоида гаштанд. Ва ҷанги гражданӣ дар Афғонистон ба бунёди модели нави давлати исломии тамоюли қатъии тариқати ваҳҳобӣ дошта, дар намунаи Толибон – Аморати исломии Афғонистон оварда расонд. Имрӯз дар ин ҷо ва як идда кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Миср, Лубнон ба номи ислом бадтарин ҷиноятҳои зиддиинсонӣ, зидди уммати мусалмон  ва дигар инсонҳои ҷаҳон мекунанд.

Шахсиятҳои маърифатпарвар, адибону донишмандон ҳамеша  бо ифротгароии диннӣ дар ситез буданд ва дар осори худ ин падидаи нооромсози ҷомеаро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд. Ҳатто шоирони имрӯзи кишвари Эрон, ки ба кишварҳои Аврупову Амрико ҳиҷрат кардаанд, дар шеъри худ мутаассибони ҷоҳилро мазаммат кардаанд:              

Зи бас дини риёӣ дом густарда ба сайди халқ,

Аз ин дини риё чун чӯбаҳои дор метарсам.

Зи бас бишнидаам «аллоҳ»-у дидам феъли шайтонро,

Зи шайху зоҳиду сӯфию ҳар диндор метарсам.

Зи бас бо санги мазҳаб хумраву паймона бишкастанд,

Кунун аз доруи дар шишаи аттор метарсам.

Зи бас рангу риё аз хирқапӯшон дидаам ҳар рӯз,

Зи гулбонги азону хирқаву дастор метарсам.

Зи бас аз оташи дӯзах шунидам, устухонам сӯхт,

Кунун аз ҷаннат-ул-маъвои он додор метарсам.

Зи бас дини риёӣ сохта шайх-ул-машоихро,

Аз ин хели риёкорони беафсор метарсам.

Зи баски ҷӯйи хун ҷорӣ бишуд аз дину аз мазҳаб,

Кунун аз масҷиду тасбеҳу аз зуннор метарсам.

Зи бас бо номи аллоҳу расулон куштаҳо дидам,

Кунун аз номи дин чун ханҷари тотор метарсам.

Зи бас хондам ҳадиси ҷанги ҳафтоду ду миллатро,

Кунун аз орифу ҳам кошиф-ул-асрор метарсам.

Зи бас колои дин дар дасти бединони маккора,

Зи номи дину бозаргону аз бозор метарсам.

Зи бас дини худо дар дасти шайтон дидаму куффор,

Кунун аз бонги «аллоҳ акбар»-и куффор метарсам.

 

Ҳамон гуна ки солҳои 90 уми садсолаи гузашта, ифротгароёни диннӣ, ки аслан фурӯхташудагони дастгоҳҳои ҷосӯсии кишварҳои абарқудрат буданд, мардумро бо шиорҳои муқаддаси озодӣ, демократия, бозгашт ба дингароии сарсарӣ, бунёди  Тоҷикистони озоду обод фиребида , талош варзиданд конунеро, ки ҳадафи асосиаш  ҷорӣ кардани шариъат ва ба ҷазо гирифтор кардани дигарандешон буд, дар либоси Ҳизби наҳзатии ислом, ба расмият дароваранд.  

Солҳои ахир ифротгароёни исломӣ талош варзидаанд  либоси сатри занонро, ки  хоси арабони биёбонгард аст (ҷиҳати пӯшонидани сару рӯй аз бодҳои биёбонии кӯчандаи регзорҳо), расми либоспӯшии тоҷикон гардонанд, аммо бар муқобили ин бегонапарастӣ равшанандешон, ба вижа бонувони андешаманд ва фаъоли ҷомеа бархоста нагкузоштанд, ки суннатҳои бостонии мо аз байн бардошта шавад.

Имрӯз, ки ба андешаҳои иддае аз мардумони мо аз ҳад беш деви  тамаъ чираманд гашта, бовариҳои равонии ҷавононро аҳриманони хуфта дар пушти пардаи «салафӣ», «таҳрирӣ», наҳзатиҳои исломӣ, давлати исломӣ ва соири дастаҳои таассуббарангези ошкору ниҳон, рабуданианд, мебояд дар пайи ҳар чи зудтар ба воя расондани лояи (табақаи) равшангарони ҷомеа буд.  Мебояд идеяи худогоҳии миллӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа ташвиқу тарғиб гардад.

Яқин аст шахсе, ки арзишҳои миллиро муқаддас намедонад, ҳатто дар радифи аввали бовариҳояш амнияти ватанро намегузорад, ҳаргиз тоҷики асил буда наметавонад.

Доноён дуруст дарёфтаанд, ки ҳар давлате ё давлати миллӣ аст, ё давлат нест ва давлати миллӣ манофеъи миллӣ дорад. Мо тоҷикон то дирӯз дарнамерафтем, ки манфиати миллӣ дорем, ё на. Имрӯз  ин нуктаро аз самими дил мебояд пазируфт, ки манфиати миллии тоҷикон фаротар аз манфиати динӣ аст.

Зафар МИРЗОЁН, ховаршинос.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg