БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонони бетаҷриба ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд

АНДЕША. Мусаллам аст, ки гуруҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ё худ ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар рӯи олам пиёда созанд. Мутаасифона, ҳаст баъзе ҷавонони кишварамон, ки ба доми фиреби ин гуруҳҳои ҷиноятпеша афтода рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк менамоянд ё бо ҳамсару фарзандон ба онҳо мепайванданд. Ҷои пинҳон нест, ки нафарони ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ё террористиву экстремистӣ афтода дониши қазоии диниву дунявӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини ислом низ фарсахҳо дуранд. Ҳол он, ки дар иртибот ба ин масъала, қариб, ки ҳамарӯза дар тамоми ВАО-и кишвар барномаҳо ва дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳатто хона ба хона вохӯриву суҳбатҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти мақомотҳои дахлдор, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва зиёиён бо аҳолӣ ба роҳ монда шудаву идома доранд.

Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ба гуфтаҳои калонсолон, зиёиён ё хабару ҳодисаҳое, ки аз дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ дар олам рух медиҳад, сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд.

Ба мисли ин ҳодисае, ки ба сари ин ҳамватани мо Собиршо Ҳасанов омадааст, садҳо далелҳое исбот шудаанд, ки аъзои ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 таҳти роҳбари хоини миллату давлати тоҷикон ва дигар шариконаш ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ ё ҷалби эшон ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» тасдиқи худро ёфта гурӯҳҳоеро таҳти фишор ба ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 ҳамроҳ намуда, бар зидди Ватан-модари худ мубориза мебаранд.

Бештар ҷавононе ба ин ҳолатҳо меафтанд, ки касбу ҳунар надоранд, забони русиро намедонанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо наовардаанд ва қонуну санадҳои меъёрии Федератсияи Россияро оиди муҳоҷирати меҳнатӣ намедонанд. Агар қаҳрамони имрӯзаи андешаи мо, аз яке шартҳои дар боло овардаамон бархурдор мешуд, аввал ин, ки дар қаламрави Россия ҷойи кори доимиро соҳиб мегардиду ҷое барои нигоҳ доштани аҳли оилаашро таъмин мекарду баъд бо аҳлу оила сафари муҳоҷират мебастанд. В-агар на:

Дар гулӯи ҳар ғарибафтода чун рег аст об,

Рӯ ба марг овар, наовар бар диёри ғайр рӯ.

Ё ин, ки фаромӯш набояд кард, ки дар ғарибӣ:

Дар ҳар қадаме барои мо сад дом аст,

Дар дом фитад ҳамон касе к-ӯ хом аст.

Ҳизбе,ки миёни мо низоъ андозад,

Дар зери ниқоби наҳзати ислом аст.

Хулоса, мо аҳли ҷомеа бояд аз ин ҳодисаҳои рухдодае, ки ба сари ҳамватани мо Собиршо Ҳасанов ва монанди ин даҳҳои дигар дарси ибрате шаваду, дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротии ҲНИ, Гурӯҳи 24 ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ бояд қарор дошта бошем ва нагузорем, ки ин хоинону душманони миллату давлати мо вазъро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд.. Зеро танҳо таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш, оромиву суботи сиёсии кишвар, моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонад.

М. Ҳалимов  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg