БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз насли ояндасозаш вобаста аст

ШАҲРИТУЗ. Дар беморхонаи марказии №1-и  ҷамоати деҳотӣ ба номи Ҷӯра Назаров  вохӯрии муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилдиев Турдимурод бо кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

 Дар вохӯрии номбурда суҳбат атрофии  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  нақшаву нишондодҳои он дар соли гузашта ва вазифаҳои навбатӣ  барои соли нав сухан намуда, ҳозиринро бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз шинос кард. Инчунин, дар рафти сӯҳбат дар масъалаҳои рӯзмарра, таблиғу ташвиқи урфу одатҳои миллӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” фикру ақидаҳои худро баён намуда,  иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намуданиҳадафҳои барномавии ҲХДТ  раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg