БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикон соҳиби таъриху фарҳанги бою ғани мебошанд

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои босифати нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Вализодаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ростои Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Дар рафти чорабинии таблиғотӣ мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд намуд, ки дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гаша истодаанд. Ҳунармадони ноҳияи Ҷайҳун дар давоми моҳи июл ва августӣ соли ҷорӣ дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонистанд ҳунари волои худро нишон диҳад.

Аз ҷумла масъулон қайд доштанд, ки «Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд». Ин буд, ки дар як муддати хеле кутоҳ ба миллати мо муяссар гашт, ки дар ин ҷода ба пешравиҳо ноил гарданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун низ ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд ёфтааст. Ҳурмандони ноҳия дар ин Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ боз меҳру муҳаббаташон зиёд гардида, ҳунарҳои миллии худро васеътар карда, соҳиби обрӯю эътибори мардум гаштаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg