БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон соҳиби иншоотҳои хизматрасонӣ шуданд

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  30 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!” тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Фирӯзаи   ҷамоати деҳоти  Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  иштироки  васеъи  ҷавонон  ва  сокинони  маҳалла щашари кори ҷиҳати  ба  итмом  расонидани  корҳои  сохтмонии  тарабхона ва мағоза барои маҳсулоти ниёзи мардум  баргузор карда  шуд.

Ҷавонон дар  корҳои  сохтмонӣ  фаъолона иштирок  намуда,  сохтмони  ин  иншоотҳоро бо тарзи замонавӣ ва  сари вақт  ба  анҷом  расониданд.

Дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав бо ҷалби шахсони хайрхоҳу ватандӯст,   аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ  корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дошта, сокинон ният доранд ҷашнҳои дарпешистодаи  давлату миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg