БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияти хоинонаи саркардагони ТЭТ ҲНИ маҳкум карда шуд

ХОВАЛИНГ. Мавзӯъи хониши сиёсие, ки бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоати деҳоти Шукнов гузаронида шуд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ – ро дар бар гирифт.

Дар назди аъзои ҲХДТ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон  баромад намуда, муҳтавои самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи ненрӯи барқ, роҳҳои мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон ҳамчун ҳизби тундгаро манъшуда, зарари тақлиди кӯркӯрона ба урфу одат ва фарҳанги бегона, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир ва сайтҳои иҷтимоӣ, зарар ва оқибати нашъмандию нашъҷаллобӣ, ришвахӯрию ришваситонӣ, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, СПИД, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунҳои ба таври муфассал шинос намуд.

Дар баромад дар бораи фаъолияти душманонаи саркардагони ҳизби террористии наҳзати ислом, ки имрӯз ҳам аз дурр истода, дар бораи Давлати Тоҷикистон ва Сарвари он ҳаргуна туҳмату бӯҳтонро паҳн менамоянд, маълумот дода шуд.Аҳли маҷлис дар баромадашон сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, фаъолияти хоинонаи ҳинитиёнро бо сарварии М.Кабирии ватанфурӯшу миллатфурӯш  маҳкум  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg