БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баргузории Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»

ФАРХОР. Дар робита ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбе дар ноҳияи Фархор  дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» шанбегии умуминоҳиявӣ гузаронида мешавад.

Дар ин Аксияи ҳизбӣ корҳои ободонӣ кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия дар шанбегӣ иштироки фаъолона намуданд.

Зимни баргузории шанбегӣ корҳои муҳими ободонӣ, аз қабили нарм намудани заминҳои назди биноҳои маъмурӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ,шинонидани гулу гулбутаҳо, нарм намудани бехи дарахтони сояафкан ва беҳдошти муҳити зист ба анҷом расонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg